Саҳифаи аслӣ   >>   НПО Таджикистана   >>   Правозащитная Деятельность   >>   Ташкилоти ҷамъиятии «Маҳбуба»
Looking for something?
Душанбе, 18 Июл 2011 22:51

Ташкилоти ҷамъиятии «Маҳбуба»

Муаллиф  Tajikngo portal Admin
Rate this item
(0 овозҳо)

Номи Ташкилот

Ташкилоти ҷамъиятии   «Маҳбуба»

Маҳалли фаъолият

Вахш, Сарбанд ва Бохтар

Ҳадафи ташкилот

Баланд бардоштани нақши шаҳрвандон дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқу саломатии онҳо, танзими оила, танзими расму оинҳои мардумӣ, мусоидат намудан ба беҳбудии зиндагии шаҳрвандон

Самти фаолият

Ҳифзи ҳукуқҳои шаҳрвандон

сомона

 

_____

Роҳбар

 

Барно Раҳимова

 

Тамос: суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

Вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш

кӯчаи Х. Давлатов 4.

Телефон   -              8324623523.

Тел.моб.    -             935028143

Почтаи Эл.   -       This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Шарҳи мухтасари ташкилот ва хидматрасонии он

 

Ташкилот расман 13 апрели соли 2001 дар Шӯъбаи адлияи вилояти Хатлон таҳти рақами 97 ба қайд гирифта шуда, такроран 28 декабри соли 2007 таҳти рақами 122 «А» ба қайд гирифта шудааст. Ташкилоти ҷамъиятии «Маҳбуба» фаъолияти худро дар навоҳии Вахшу Бохтар оғоз намудааст. Аз соли 2005 лоиҳаи «Пешгирӣ аз зӯроварии хонаводагӣ дар ноҳияи Вахш» роҳандозӣ шудааст.

 

Дар доираи лоиҳа корҳои фаҳмондадихӣ ба гурӯҳи муайянӣ ҷомеъа гузаронида мешавад. Инҳо гурӯҳҳои мардон, занон ва ҷавонон мебошанд. Чорабиниҳои пешгирикунанда, аз қабили вохӯриҳо, аксияҳо, театрҳои мобилӣ, гузаронида мешаванд, ки ҳадафи он ба тағйир додани муносибати ҷомеъа ба зӯроварии хонаводагӣ мебошад.

 

Ҳар моҳ ба ташкилот 18-24 нафар бо мушкилоти худ муроҷиат мекунанд, ки дахолати мо ҳатмӣ мебошад. Кормандони ташкилот бо муроҷиаткунандагон корҳои фаҳмондадиҳии иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ мегузаронанд. Ҳамчунин дар ҳолатҳои судӣ хизматрасонии ҳимоятгар, ёрии ҳуқуқии ройгон, тартиб додани ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ низ ба фаъолияти ташкилот шомил мебошад.

Лоиҳаҳо:

  1. Роҳандозишуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақшабуда

 

Лоиҳаҳои асосии роҳандозишуда инҳоянд:

  1. Лоиҳаи «Ҳалли мушкилиҳои камбизоатӣ – устувории оила» 2001 с. Аз ҷониби  Каунтерпарт – Консорсиум Тоҷикистон ва  Барномаи Умумиҷаҳонии Хӯрокаи СММ барои сохтмони коргоҳи хурди консервабарорӣ маблағгузорӣ мешавад. Ҳадафи лоиҳа ба миён овардани ҷойҳои нави корӣ дар деҳот ва таъмини мардуми деҳот бо маҳсулоти консервии худӣ бо нархҳои дастрас мебошад.  Дар натиҷаи ин лоиҳа 22 зан аз оилаҳои камбизоат бо ҷои кор таъмин гардиданд. Ҳангоми амалигардонии лоиҳа 6000 дона банкаҳои консервонидашуда истеҳсол гардиданд.
  2. Лоиҳаи «Фермаи хурд» аз тарафи Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNCNR), маблағгузорӣ мешавад. 2002 с.

Ҳадаф ва вазифаи лоиҳа: ба миён овардани ҷойҳои корӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии мардуми деҳот, паст кардани сатҳи камбизоатӣ.

Дар давоми 6 моҳ  575 мурғи индукро оилаҳои камбизоат парвариш карда ба фурӯш бароварданд.

  1. Лоиҳаи «Об – ин зиндагист», 2003 с., Аз тарафи  Каунтерпарт – Консорсиуми Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии гурӯҳҳои ниёзманд маблағгузорӣ мешавад.  Хати обгузар ба дарозии 900 метр гузаронида шуд.

4.    Лоиҳаи   «Беҳкунии саломатии модару кӯдак», 2004 с. Аз ҷониби Фучер Интернешнл,  ЮСАИД (USAID) маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа дар 22 қишлоқи ноҳияи Бохтар бо ҳадафи маълумотнок намудани мардум оиди оила барпо кардан роҳандозӣ гардид.

  1. Лоиҳаи «Тиҷорати худро оғоз кун» 2004 с, - Семинарҳои фаҳмондадиҳӣ барои хоҷагиҳои деҳқонӣ – фермерӣ, маблағгузораш Ассотсиатсияи Миллии Тиҷорати Хурду Миёна.
  2. Лоиҳаи «Эҳёи сабзиши пахта» 2009 с, бо дастгирии  Ассотсиатсияи Байналхалқии Рушд (МАР) - гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, кормандони СО «Маҳбуба» дар се ҷамоат (20 қишлоқи н. Вахш) 20 семинар барои деҳқонон гузарониданд.

Лоиҳаҳои ҷорӣ:

1.    Аз соли 2005 инҷониб ТҶ Лоиҳаи «Пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ»-ро   PDV,  бо маблағгузории Раёсати Швейтсарӣ оиди Рушд ва Ҳамкорӣ, ки назорати онро АВЕДИС, Олмон, тавассути Филиали Аведис  мебарад, роҳандозӣ кардааст.

2.  Лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ «Лоиҳаи фавқулодда оиди бехатарии маҳсулот  ва воридоти донагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

Ҳамкорон  ва шарикони ташкилот

Ҳамкорони ташкилот:

  • Раёсати Швейтсарӣ оиди Рушд ва Ҳамкорӣ, мақомоти идоракунандааш АВЕДИС, ОЛМОН, тавассути Филиали  АВЕДИС мебошад
  • Бонки ҷаҳонӣ
  • ТҶ   «Дилафрӯз – н.Бохтар
  • ТҶ   «Ҳамроз»  -- н.Бохтар
  • МК    «Ғамхорӣ» --  ш. Қурғонтеппа
  • МК    «Боварӣ»    ш. Душанбе.

 

 

Last modified on Сешанбе, 16 Август 2011 22:53

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj