Саҳифаи аслӣ   >>   НПО Таджикистана   >>   ИКТ   >>   Displaying items by tag: Sugd
Looking for something?
Displaying items by tag: Sugd
Душанбе, 18 Июл 2011 22:46

Ташкилоти ҷамъиятии «Шото»

Номи ташкилот

Ташкилоти ҷамъиятии «Шото»

Маҳалли фаъолият

Вилояти Суғд. Ноҳияи Исфара.

Ҳадафи ташкилот

 

Пешгирии ВМНО/БНМО, нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ байни ҷавонон, ҳиф зиҳуқуқҳои ҷавонон, тарбияи ватандӯстӣ дар шуури ҷавонон.

 

Самти фаъолият

Корбарӣ дар самти бартарафсозии бемориҳои ВМНО/БНМО, ҳамчунин инкишофи ҳамаҷонибаи ҷавонон.

 

сомона

 

Роҳбар

 

Султонов Cулаймонхон Ғиёсхонович

Тамос:суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

Тоҷикистон, Вилояти Суғд, ш.Исфара

ҷам.Навгилем, к. Бузургзода-126а

Teл: (834 62) 2 00 98

(992 92) 749 85 98, (992 92) 766 07 07

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it , This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасониҳои ӯ.

Краткое описание организации и предосталяемые услуги

 

 

Ташкилоти Ҷамъиятии «ШОТО» яке аз ташкилотҳои асосӣ ва тараққикардаи сектори сеюм дар ш. Исфара. Соли ҷорӣ, комиссияи давлатии сертификатсиякунонӣ, дастовардҳоро баҳри рушди ҷомеа баҳогузорӣ намуда, ташкилотҳои ҷамъиятии рушдёфтаро  бо сертификатҳо мукофотониданд. Аз ҷумла ТҶ «ШОТО» низ соҳиби сертификат гашт. Ташкилоти мо байни шарикони худ аз шумори сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ мақоми баланд дорад. ТҶ «ШОТО» тарҳкаши (созандаи) механизмҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсоз ва ташаббускори ду Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар шаҳри Исфара мебошад: аз рӯи рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон ва аз рӯи пешгирикунии нашъамандӣ ва ВМНО/БНМО. Дар назди ТҶ «ШОТО» Бюрои иҷтимоии ҷавонон, маркази таълимии рушди соҳибкорӣ, ду маркази ҷавонон, клуби варзишӣ ва сехи хурди таълимии истеҳсолкунандаи маҳсулоти нону қулчақандӣ ташкил карда шудааст. Ҳайати меҳнатӣ аз ҷумлаи мутахассисони ҷавони таҷрибадор, омӯзгорон, рӯзноманигорон, иқтисодчиён, ҳуқуқшиносон, табибон, кормандони иҷтимоӣ, ҳамагӣ 27 корманд ва 40 довталаб  иборат аст.

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

Лоиҳаҳои асосии амалигашта:  «Омӯзиш дар курсҳои воситаҳои соҳибкории кӯчагӣ» барои наврасони кӯчагӣ ва камбизоати ноҳия. Лоиҳаи Бюрои иҷтимоии ҷавонон «Перезагрузка». Баландбардории огоњии дар мавриди ВМНО/БНМО ва омӯзонидан ба малакаҳои инкишофи иҷтимоии 160 намояндагони ҷавонони махсусан осебпазири шаҳри Исфара аз оилаҳои камбизоат. «МОДАР, ПАДАР ва МАН – оилаи пешгирикунанда» - пешгирии нашъамандӣ байни 200 оилаи осебпазири  шаҳри Исфара. «АМАЛИ МО – САЛОМАТИИ МО». Баландбардории огаҳї, малакаҳои инкишофи иҷтимоӣ байни 260 ҷавонон ва камсозии осебпазирї нисбати ВМНО/БНМО-и аҳолии ш. Исфара. «АМАЛИ МО – Рушди чомеъаи мо». Инкишофи малакаҳои рањбарї ва ҳосил намудани ҳуқуқи овоз доштани ҷавонон дар ҷамъияти шаҳри Исфара.

 

2.Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ: «АМАЛИ МО – САДОКАТИ МО» Рушди ватандӯстӣ байни ҷавонони 12 ҷамоати шаҳри Исфара, «Кулчаҳои бибиҷон». Сехи хурди таълимии истеҳсолӣ барои духтарони деҳот аз ҷамоати Навгилем. «Меҳрубонӣ пояи саломатӣ ва хушбахтии мост». Беҳгардонии дастрасии одамони ВМНО-дошта ва аъзоёни оилаҳои онҳо барои ҳосил кардани хизматрасониҳои иҷтимоӣ, бо роҳи таълимгирӣ доир ба пешгирӣ ва муносибати тоқатона нисбати ЛЖВ 116 пешсафони ҷамъияти шаҳри Исфара. «ДАСТРАСӢ» Беҳгардонии сифат ва баландбардории дастрасии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути мустаҳкамгардонии шабакаи шарикони ташкилотҳои маҳаллӣ, ки дар соҳаи ВМНО/БНМО ва бемории сил дар Вилояти Суғд кор мекунанд.

 

Донорҳо ва шарикон

 

Шарикон ва донорони мо:

v  DDRP OSI Tajikistan

v  AFEW

v  ЮНИДОК, Австрия. Вен

v  Бонки Ҷаҳонӣ

v  Аъзоёни Платформаи МОГО СО  ва ғ.

 

 

Нашр шудааст дар Ташкилотҳои ҷавонон
Душанбе, 18 Июл 2011 22:44

«Маркази ҳуқуқҳои инсон»

Номи ташкилот

«Маркази ҳуқуқҳои инсон»

Маҳалли фаъолият

ш.Душанбе, Хуҷанд, ноҳияи Исфара

Ҳадафи ташкилот

 

Ҳадафи ташкилот – мусоидат намудан дар сохтмони мамлакати ҳуқуқбунёд тавассути баландбардории шуурнокии ҳуқуқӣ ва муҳофизати ҳуқуқии аҳолӣ,  боа мал кардан мувофиқи меъёрҳои миллӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон

 

Самти фаъолият

Дастрасӣ ба адолати судӣ:

  1. Мониторинги аз адолати судии ҷиноӣ.

 

  1. Қабулгоҳи ройгони ҳуқуқӣ.
  2. Ҳифзи ҳуқуқҳои даъватшудагон ва хизматчиёни ҳарбӣ.

Муҳоҷирати меҳнатӣ:

  1. Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои Муҳоҷирони Меҳнатӣ Пешгирии одамфурӯшӣ.

Гузаронидани тадқиқотҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ

сомона

 

www.hrc.com

Роҳбар

 

Душанбе - Нурмуҳаммад Халилов

Хуҷанд – Азалхон Алимов

Исфара – Наргис Буриева

Тамос:суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

Нишонӣ: ш. Душанбе к. Валоматзода хонаи 8/1 ҳ. 30

Тел:(+992 37) 227-51-87

E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Нишонӣ: ш. Хуҷанд к. М.Тамбурӣ  х.32 ҳ.33

Тел: (+992 3422) 6-24-44

E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Нишонӣ: ш. Исфара 10 маҳалла., х. 29, ҳв. 25

Тел: (+ 992 3462) 2-56-86

E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасониҳои он.

 

 

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқҳои инсон» иттиҳоди ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, мустақил, ихтиёрӣ, худидоракунанда мебошад. Маркази ҳуқуқҳои инсон 27 октябри соли 1997 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Ташкилот ба камбизоатон ва табақаҳои оҷизи аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, қурбониёни одамфурӯшӣ, хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ дар  аксари  масоили ҳуқуқӣ кӯмаки ройгон мерасонад. Ба муроҷиаткунандагон машваратҳои даҳонӣ ва хаттӣ расонида шуда, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ тартиб дода мешаванд, инчунин манфиатҳои онҳо дар судҳо ва дигар мақомоти давлатӣ муаррифӣ карда мешаванд.

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

1. Лоиҳаҳои асосии амалишуда: Риояи ҳуқуқҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва ҳарбиён. Мактаби ҳуқуқи экологӣ. Бартарафкунии одамфурӯшӣ дар Тоҷикистон.

2. Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ ва дар нақшаистода. Дастрасӣ ба адолати судӣ Фазаи – 5. Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ. Мониторинги истеҳсоли судии ҷиноӣ. Телефони боварї барои бартарафсозии одамфурӯшӣ ва масоили муҳоҷират. Риояи ҳуқуқҳои даъватшудагон ва хизматчиёни ҳарбӣ.

 

Донорҳо ва шарикон

 

Шарикон ва донорони мо:

v  Дафтари кории Шветсария доир ба ҳамкорӣ,

v  Ташкилоти байналмиллалии муҳоҷират.

v  Сафорати Бритониёи Кабир

v  NED

v  UKAID

v  USAID

v  ACTED

v  OSCE

v  МОТ

v  UNIFEM

v  ШБ ИҶК БМ-Тоҷикистон.

 

Нашр шудааст дар Ҳуқуқҳои инсон

Номи ташкилот

Маркази санъат ва барномаҳои таълимии «Суғд» (МСБТ «Суғд»)

 

Маҳалли ҷойгиршавӣ

Вилояти Суғд, Хуҷанд

Ҳадафи ташкилот

 

Ҳадафи Маркази санъат ва барномаҳои таълимии «Суғд» - мусоидат намудан ба рушди фарҳанг, санъат ва маориф, амалигардонии барномаҳои башардӯстона. Муҳофизат ва таҷаддуди мероси маънавӣ ва меъёрҳои этикӣ, барномаҳои таълимӣ, рушди ҷомеаи кушод, ҳифзи дастовардҳои фарҳангии халқҳои муќими Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Самти фаъолият

Соҳаи фарҳанг ва маориф

 

сомона

 

www.tajikart.tj.

Роҳбар

 

Директори иҷрокунанда  Ҳакимов Наим Ғаниевич

Тамос:суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд

Маҳаллаи 16 (назди БДА).

Тел: ( 992 3422) 2 02 33, 2 02 44.

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасониҳои ӯ.

 

 

Ташкилот 16 апрели соли 2009 ба қайд гирифта шудааст. МСБТ аз зерқисматҳои зерин иборат аст: Китобхона, Иттиҳодияи эҷодии дизайнерони ҷавон «Арт-албиса», Агентии модели «Суман», Маркази санъат «Бадахшон», Маркази рӯзноманигорони ҷавон «Нидо», Студияи «Musik-art», «Лигаи экологони Суғд», Студияи дизайни замонавӣ «Мони Арт».

 

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

Лоиҳаҳои амалигашта: Намоишгоҳҳои тасвирӣ «Олами муосири костюми тоҷикӣ», «Атласи тоҷик», «Нақшу нигори миллии тоҷикӣ», «Қуроқи тоҷикӣ», намоишгоҳ дар мавзӯи «Истгоҳҳо», Намоишгоҳи тақдимҳои рассомонӣ ҷавон «Баҳри тоҷик – 2010», Озмуни «Чақомаи гесу», намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандон «Санъати зардӯзӣ ва санъати мӯҳрадӯзӣ», «Намоишгоҳи ҳунарҳои анъанавӣ», намоишгоҳи рассомони ҷавон «Сайри лола», намоишгоҳи шахсии Ҷамшед Холиқов «Истгоҳҳо». Лоиҳаи «Истгоҳҳо» дар барномаи Павилёни Осиёи Марказӣ дар Биеналлаи 53-ми Венетсия пешкаш шуда буд.

Барномаҳои таълимӣ: Устод кллос дар санъати «шибори»; Семинар барои ҳуқуқшиносон доир ба барномаи ШБ ИҶК БМ дар Тоҷикистон. Семинарии «Ороиши мӯйҳои анъанавӣ», Вохӯрӣ бо рассоми машҳури тоҷик Ҷамшед Холиқов. Тақдим ва лексияҳо дар мавзӯи «Лоиҳа ҳамчун тарзи амалигардонии идеяҳои эҷодӣ», Воситаҳои нави ифодаёбии тасвирӣ - фото, видео, аниматсия».

Чорабиниҳои байналмиллалӣ: Фестивали байналмиллалии санъат «Сан-Ремо», Фестивали филмҳои ҳуҷҷатӣ доир ба ҳуқуқҳои инсон «One World» (Чароғи ягона) – Чехия, «Бир Дуйно» - Қирғизистон, «Як дунё» - Тоҷикистон. Ҳафтаи аврупоӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Маркази фарҳангии «Бактрия»: сафари ҳунарии Театри ҷавонон ба шаҳри Хуҷанд бо намоишномаи «Рози дил». Арт-резиденсия ва намоишгоҳи «Дар доманаи қаторкӯҳҳои Курамин» дар шаҳри Табошар.

Лоиҳаҳои ҷорӣ: Фестивали байналмиллалии эко-фарҳангӣ «Ойгул» - «Гули Сурх» (Лола); лоиҳаи якҷоя «Рушди ҳунармандӣ».

 

Донорҳо ва шарикон

 

Шарикон ва донорони мо:

v  Шӯъбаи Ташкилоти Байналмиллалии Институти «Ҷомеаи Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дафтари кори Шветсариягӣ

v  Мақомоти иҷрокунандаи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд

v  Маркази фарҳангии «Бактрия»

v  Шабакаи Осиёи Марказии фарҳанг ва санъат

v  One World,

v  Маркази захиравии фарҳанг ва санъат

v   «ГИВ - Ак­цент»,

v  «Кова»,

v  «Ампаро»,

v  «Фурӯғ» ва ғ.

Нашр шудааст дар Санъат ва фарҳанг

Номи ташкилот

Ташкилоти ҷамъиятии  «Ҳаёти нав»

Маҳалли фаъолият

ш. Хуҷанд, вилояти Суғд

Ҳадафи ташкилот

 

Мусоидат намудан дар беҳгардонии ҳаёт ва саломатии зиндониён ва зиндониёни собиќ

 

Самти фаъолият

ВИЧ хизматрасониҳо

Сомона

 

Роҳбар

 

Абдураҳмонов Абдухолиқ Абдуқаюмович

Тамос:

суроға,

телефон,

Еmail:

 

Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд

маҳаллаи 12, бинои 17 г , тел : (992 834 22) 2 42 63,

( 992 92) 702 47 00

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасони-ҳои он.

 

 

ТҶ «Ҳаёти нав» 15 декабри соли 2009 таъсис ёфта, гурӯҳӣ мақсадноки он маҳбасшудагон ва собиқ маҳкумшудагон. Хизматрасониҳо:

  • мусоидат дар гирифтани хизматрасониҳои ташхисӣ доир ба ВИЧ, ТБ ва ИППП, аз ҷумла гепатит
  • мусоидат дар барқарорсозии ҳуҷҷатҳо (шиносномаи умумишаҳрвандӣ, маълумотномаҳо ва ғ.)
  • мусоидат дар корёбӣ, ба қайдгузорӣ доир ба бекорӣ ва гирифтани кӯмакпулӣ
  • мусоидат дар гирифтани омӯзиши касбӣ ва самти касбӣ

 

Хизматрасониҳои мушаххас:

  • ҷойи хоби муваққатӣ ва хӯроки якбораина
  • хизматрасониҳои маишӣ.

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

1. Лоиҳаҳои асосии амалигашта: Аз 01.05.2010 то 30.09.2010 лоиҳаи «Аутрич дар нигоҳдории саломатӣ», ки аз ҷониби «Бунёди СПИД Шарқ-Ғарб» ва дастгирии молиявии агентии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ амалӣ гардонида шуд.

 

2.Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ ва дарнақшаистода: Аз 01.10.2010 «Васеъгардонии кӯшишҳо доир ба дастгирии стратегияи миллӣ дар соҳаи ВИЧ» ва «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ», ки бо «Бунёди СПИД Шарқу-Ғарб» бо дастгирии молиявии Бунёди Ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД, бемориҳои сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва агентии ИМА доир ба рушди байналмиллалӣ (USAID) амалӣ гардонида мешавад.

Амалигардонии лоиҳаи «Ташаббусҳои ҷамъиятӣ баҳри пешгирии ВИЧ ва пастсозии сатҳи камбизоатӣ дар вилояти Суғди ҶТ», бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо, дар доираи Барномаи «Сектори Ғайридавлатӣ дар Рушд».

 

Донорҳо ва шарикон

 

v  Намояндагии Ташкилоти Ғайриҳукуматии Ҳолландии AFEW (Бунёди СПИД Шарқу Ғарб)

v  Намояндагии PSI дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

v  USAID

v  Бунёди Ҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД, бемориҳои сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номи ташкилот

Маркази иттилоотӣ-таълимӣ  ва фарҳангии «Фурӯғ»

 

Маҳалли фаъолият

Вилояти Суғд, ш. Хуҷанд

Ҳадафи ташкилот

 

Мақсади ташкилот ин рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути паҳнгардонии фарҳанг ва иттилоот мебошад.

Баҳри амалигардонии ҳадафҳои худ ташкилот барои худ вазифаҳои зеринро мегузорад:

  • дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути омӯзиш ва паҳнгардонии иттилот ва васеъгардонии фазои иттилоотӣ барои рушди демократӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон;
  • Интишори иттилоот дар бораи таҷрибаҳосилкунӣ, таълимот ва баландбардории ихтисоснокии аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ;
  • мусоидат дар рушди демократӣ ва ҳуқуқии кишвар тавассути ҳамкории ҳамаҷониба ва байналмиллалӣ ва ғ.

 

Самти фаъолият

  • Таълимоти шаҳрвандӣ, ҷавонон, маориф, дастгирии тадқиқотҳои илмии ҷавонон, баробарии ҷинсӣ, дастгирии рӯзноманигорон ва рушди ВАО, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва дигарҳо…

 

сомона

 

Роҳбар

 

Хоҷиева Насиба Саидмуродовна

Тамос:суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

Тоҷикистон, Вилояти Суғд, ш. Хуҷанд

к. Ленин 46 а (1 ошёнаи дӯкони китоб «Ганҷина»)

Тел: (992 3422) 6 15 93

Факс: (992 3422) 6 15 93

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасониҳои он.

 

 

Соли таъсисёбӣ: 14 марти соли 2008 (аз соли 2001 то 2007 – Маркази Иттилоотӣ-таълимии Бунёди Сорос – Тоҷикистон);

Гурӯҳи мақсаднок: ҷавонон, донишҷӯён, рӯзноманигорони ҷавон, шаҳрвандони вилояти Суғд.

Хизматрасониҳо: фароҳам овардани бино барои гузаронидани тренингу семинарҳо, мизҳои мудаввар, конфронсҳо (давтари корӣ дар маркази шаҳр ҷойгир буда, барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин гуна чорабиниҳо мебел ва техникаи зарурӣ вуҷуд дорад). Дар давтари корӣ шабакаи бесими Интернет ҷой дорад.

Лоиҳаҳо:

Амалигардонидашуда

Ҷорӣ

Дар нақша

 

1.Лоиҳаҳои асосии амалишуда: «Дастрасӣ ба захираҳои иттилоотӣ-таълимӣ барои сокинони вилояти Суғд», Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад – Тоҷикистон – 2008-2009; «Семинарҳои санъатшиносӣ барои рӯзноманигорони ҷавон»,

Институти «Ҷомеаи Кушода», Будапешт, Барномаи шабакавии «Санъат ва фарҳанг» - 2008-2009 сол; Тренингҳо дар мавзӯи банақшагирии соҳибкорӣ барои занони ҷавони соҳибкор, Ҳукумати ҶТ, кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ – 2009-2010.

2.Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ: «Ташаббусҳои ҷавонони Суғд», Иттиҳоди АВрупо – 2009-2011с.

Донорҳо ва шарикон

 

Шарикон ва донорони мо:

v  Институти «Ҷомеаи Кушода» -Бунёди Мадад - Тоҷикистон;

v  Институти «Ҷомеаи Кушода» -Бунёди Мадад - Тоҷикистон - Будапешт;

v  Иттиҳоди Аврупо;

v  Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оила.

v  ТҶ «ГИВ-Акцент»

v  International Allert – Tajikistan

v  ТРК «Ҷаҳоноро»,

v  ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

v  Аъзои Платформаи Ташкилотҳои Ҷавонони Ҷомеаи Шаҳрвандии вилояти Суғд (37 ташкилоти ҷамъиятӣ).

 

Нашр шудааст дар Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандӣ

Название

организации

Общественная организация «Фонд развития общества»

Географический фокус

Согдийская область

Миссия организации

 

миссия, направлена на содействие в развитии гражданского общества путем повышения уровня право сознании всех слоев населения, внедрение программ по улучшение экономической и социальной жизни населения.

Направление деятельности

Миграция, профилактика ВИЧ, психическое здоровья, юридическая консультация, развития сельское хозяйство

вебсайт

 

http://foundation-tj.ucoz.org , http://job-tj.ucoz.nethttp://dfx-tj.narod.ru

Руководитель

 

Абдуджабборов Бахтиёр

Контакты:адрес, номер телефона, электронная почта

 

735610, Таджикистан, Согдийская область,

г.Истаравшан, ул. Ленина 101/1

тел: (992 3454) 2 11 67,  (992 90)  01 88 60

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Краткое описание организации и предосталяемые услуги

 

 

Год создания:2008, бенефициары : молодежь, люди среднего возраста

-    разработка и внедрение программ и проектов по защите прав предпринимателей

-  реализация совместных проектов по защите прав молодежи и женщин на труд и образование

-   формирование ресурсных центров по развитию предпринимательства

-   реализация совместных инициатив общественных организации и.т.д.

 

Предоставляемые услуги: трудоустройство, юридическая и психологическая помощь, обучающие курсы

Проекты:

  1. Реализованные
  2. Текущие
  3. Планируемые

 

1. Основные Реализованные проекты «Создание программы трудоустройства»

«»Защита прав и интересов дехканских и фермерских хозяйств, и содействие в предотвращению детского труда в сельском хозяйстве»

2.Основные текущие проекты: «Информирование трудовых мигрантов»  в рамках «Мобилизация ресурсов в развитии села».  «Ювенальная юстиция»

 

Доноры и партнеры

 

Наши партнеры и доноры:

v  IOM (International Organization for Migration)

v  Norwegian Helsinki Committee

v  Институт Открытого Общества Фонда развития Таджикистан (Сорос)

v  Член Платформы Молодежных Организаций Гражданского Общества Согдийской области (37 общественные организации)

 

 

Additional Info

  • География деятельности НПО Согдийская область
Нашр шудааст дар Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандӣ

Номи ташкилот

Ташкилоти ҷамъиятии  «Садоқат»

Маҳалли фаъолият

Истаравшан, вилояти Суғд

Ҳадафи ташкилот

 

Мусоидат дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути беҳгардонии ҳаёти занон ва ҷавонон, фаъолгардонии онҳо дар равандҳои демократӣ

Самти фаъолият

Таълимот

Сомона

 

Роҳбар

 

Негматуллоева Нигора Баримовна

Тамос:

суроға,

телефон,

Еmail:

 

Вилояти Суғд, ш. Истаравшан

735610, к.Бустон, 13

918-201550, 92-8030102

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасони-ҳои он.

 

 

Ташкилоти ҷамъиятии бонувон «Садоқат» 1 марти с. 2002 ба қайд гирифта шуда, фаъолияти он вилояти Суғдро фаро мегирад. Азнавбақайдгириро 17 октябри 2007 гузаштааст. ТҶБ «Садоқат» ташкилоти ҷамъиятии ғайриҳукуматӣ буда, занонро муттаҳид менамояд ва ният дорад саҳми худро дар муқаррарсозии ва таъсис додани ҳаёти маънавӣ ва некӯаҳволи мардум, мустаҳкамгардонӣ ва ҳифзи озодии ӯ, ҳифзи манфиатҳо ва ҳуқуқҳои занон, бар зидди шаклҳои гуногуни таҷовуз нисбати занон баромад менамояд.

Сабаби ташкил намудани «Садоқат» ташаббуси ҷамъиятии бонувон боис гашт, ки баҳри беҳгардонии вазъияти занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҳалли мушкилиҳои ҷиддӣ, ки байни аҳолии деҳот ба амал омадааст, мисли бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, афзоиши шумораи бемориҳои сироятӣ байни кӯдакон ва ҷавонон, афзоиши далелҳои таҷовуз нисбати занон.

Фаъолияти асосии ташкилот дар ду соҳа равона карда шудааст:

Таълимот ва пешгирӣ - ташкилот тренингҳо ва курсҳо барои баландбардории нақши занон ва духтарон дар ҷомеа мегузаронад. Дар доираи барномаи мазкур тренингҳо доир ба солимии репродуктивӣ, танзими оила гузаронида мешаванд. Ташаббускориҳо барои огаҳмандонии наврасон доир ба мушкилиҳо ба монанди нашъамандӣ, ҳомиладории пеш аз мӯҳлат, таҷовуз нисбати занону духтарон гузаронида мешаванд. Дар ин мавзӯъҳо лоиҳаҳо доир ба баландбардории огаҳандии аҳолӣ нисбати танзими оила ва БППП амалӣ гардонида шуда буданд. Зиёда аз ин, дар доираи барномаи мазкур семинарҳои ҳуқуқӣ, алалхусус ташкили тренингҳо доир ба баландбардории саводнокии ҳуқуқии занон ва духтарони минтақаи мо гузаронда мешаванд.

Курсҳои амалӣ - барномаи мазкур ният дорад духтаронро бо курсҳои лозима доир ба ташаккулдиҳии қобилиятҳои духтарон ва ёфтани ҷойҳои кори нав таъмин намояд. Дар ш. Истаравшан курсҳои дӯзандагӣ, сехи дӯзандагӣ бомуваффақият амал мекунанд, ва дар он духтарон истеъдод ва маҳорати худро сайқал дода, устувории иқтисодии оилаҳои худро беҳтар мегардонанд. Сехи дӯзандагӣ дар минтақаи мо ягона мебошад, қариб 20 духтарак ба дӯзандагӣ, зардӯзӣ омӯзонида мешаванд ва корҳои худро дар бозор ба фурӯш мегузоранд. Ин барнома захираи дохилии ТҒҲ буда, намунаи аълои устуворӣ мебошад. Зиёда аз ин, духтарон тавассути барномаи номбурда ба ҷомеа ворид гашта, сифатҳои пешсафонаи худро ташаккул медиҳанд.

Курсҳои дӯзандагӣ ғайр аз ин барои занони оҷиз имконият медиҳанд, ки вазъи иқтисодии худро беҳ гардонида ба таҷовузҳои иқтисодӣ ва рӯҳӣ дар оилаҳои худ гирифтор нашаванд.

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

1. Лоиҳаҳои асосии амалигашта: «Бонувон в интихобот», «Ҳуқуқҳои худро меомӯзем», «Маълумот доир ба солимии репродуктивӣ тавассути ВАО», ТҒҲ «Гендер ва рушд», ЮНФПА.

«Огоҳонидани наврасон бо масоили солимии репродуктивӣ», Сехи дӯзандагӣ дар ҷамоати Қалъаи Баланд, Курсҳои омӯзиши забони англисӣ.

Баландбардории устувории иқтисодии занҳои оҷиз, гранти Бунёди Сорос, барномаи «Пастгардонии хатари истеъмоли маводи нашъадор», «Маркази таълимӣ барои духтарон», ш. Истаравшан, English Access Microschoolarship Program – Tajikistan

2.Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ ва дар нақшаистода: Баландбардории сатҳи огаҳмандии аҳолӣ нисбати масоили солимии репродуктивӣ бо диққат додан ба модаршавии бехатар.

Донорҳо ва шарикон

 

v  САҲА

v  БРО,

v  UNFPA

v  USAID

v  US Embassy

v  ШТБ ҶК БМ дар Тоҷикистон

v  ГТЦ

v  Кумитаи кор бо занон дар назди Ҳукумати ш. Истаравшан – дастгирии иттилоотӣ ва таълимӣ.

v  ТҶ «Бонувон бар зидди таҷовуз»

v  Аъзои Платформаи Ташкилотҳои Ҷавонони Ҷомеаи Шаҳрвандии вилояти Суғд (37 ташкилоти ҷамъиятӣ).

 

 

Нашр шудааст дар Рушди Ҷомеаи Шаҳрвандӣ

Номи ташкилот

Ташкилоти ҷамъиятии «Волидони кӯдакони мушкилии инкишофдошта»

 

Маҳалли фаъолият

ш. Хуҷанд

Ҳадафи ташкилот

 

-тавсия ба оилаҳое, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд доранд, дар масоили иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, расонидани кӯмаки равонї ба ин оилаҳо. Идѓоми кӯдакони имконияташон маҳдуд бо ҷомеа. Ба волидон фањмонидани он, ки гирифтани маълумот ва тарбияи дуруст барои кӯдакони маъюб то чӣ андоза муҳим аст.

 

Самти фаъолият

­    Расонидани машварати ҳуқуқӣ ба оилаҳое, ки КИМ доранд;

­    Расонидани кӯмак ба волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд дошта, идѓоми онҳо бо ҷомеа.

­    Ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ барои волидон ва фарзандони онҳо, бо мақсади баландбардории иқтидори онҳо, сатҳи некӯаҳволӣ ва кордароӣ;

­    Ҷалб намудани диққати ҷомеа ба мушкилиҳои рӯзмарраи КИМ, тавассути гузаронидани мизҳои мудаввар, аксияҳо, чорабиниҳои хайриявӣ, табъу нашр дар ВАО, ташкили ТОК-ШОУ ва пахши сабтҳои видео дар телевизион;

­    Ҷамъоварӣ, таҳлил, умумигардонӣ ва пешкаши пешниҳодҳо ба мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, сохторҳои қонунгузорӣ доир ба беҳгардонии шароити зист, ҳаракат, инкишоф, таълимоти КИМ;

­    Омӯзиш ва вориди таҷрибаи дигар минтақаҳо ва кишварҳо доир ба эҳёсозӣ ва якҷоякунии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ҷомеа ва ғ.

­    Ҷалби мутахассисони соҳибихтисос аз дигар кишварҳо бо мақсади баландбардории сатҳи дониши мутахассисони маҳаллӣ ва волидон;

­    Равобит бо дигар ташкилотҳое, ки бо мушкилиҳои КИМ ва волидони онҳо кор мебаранд.

 

сомона

 

Роҳбар

 

Муминова Назира Тоҳирҷоновна

Тамос:суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

735700 Тоҷикистон, ш. Хуҷанд,

К. Ленин 209, ҳ. 48 .

Тел: (+992 3422) 4-19-41, (992  918) 84 90 30

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it ; This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасониҳои ӯ.

 

 

Гурӯҳи ташаббускори мо сентябри соли 2008 таъсис дода шуд. Бо дастгирии молиявии Шӯъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷомеаи Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, феврали соли 2010 дар Идораи адлияи вилояти Суғд, ҳамчун Ташкилоти ҷамъиятии «Волидони кӯдакони мушкилиҳои инкишофдошта» ба қайд гирифта шуд. Муассисони ташкилот 3 волидони КИМ буда, айни ҳол таркиби кори мо ба 15 аъзо зиёд гашт, ки онҳо низ волидони КИМ ҳастанд.

Гурӯҳи мақсадно: кӯдакони имконияташон маҳдуд ва волидони онҳо

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

1. Лоиҳаҳои асосии амалигашт: Дар доираи лоиҳаи «Таъсис додани Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд» ш. Хуҷанд:

Омадани мутахассис-рӯҳшинос Янченко Л.В. аз маркази эҳёсозии «САМАЛ», ш. Павлодар (Қазоқистон) ва гузаронидани тренингҳои машваратӣ ва амалӣ дар мавзӯи «Роҳҳо ва усулҳои ислоҳ намудани кӯдакони ДЦП дошта ва дигар бемориҳои рӯҳӣ, дастгирии рӯҳии волидон». «Тартиб додани нақшаи ҷиҳози махсус барои ЛОВ», дар заминаи сехи ПТУ № 31 барои мутахассисон аз вилояти Суғд ва манотиқи ҷануб.

Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ ва дар нақшабуда Дастгирии таълимӣ, иҷтимоии волидони КИМ

 

Донорҳо ва шарикон

 

Шарикон ва донорони мо:

Ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияти маҳдуддоштаи ш. Душанбе, ш. Исфара, ПМПК Хуҷанд, ноҳияи Б.Ғафуров.

ТҶ «Рангинкамон»

МО «Оперейшн мерси»

Ташкилоти волонтерии Олмон “SES”.

Шӯъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷомеаи Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон

ЮНИСЕФ.

 

 

Номи ташкилот

Ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ»

Маҳалли ҷойгиршавӣ

Вилояти Суғд, ш. Конибодом.

Ҳадафи ташкилот

 

Мусоидат намудан дар сохтори ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути расонидани кӯмаки таълимӣ, иттилоотӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар ба аҳолӣ.

 

Самти фаъолият

Курсҳои таълимии омӯзиши замони англисиву русӣ, саводи компютерӣ ва Интернет, ҳуқуқӣ - ҳуқуқҳои инсон, кӯдакон, деҳконон ба замин ва ғ., иттилоотӣ.

 

Сомона

 

Роҳбар

 

Аҳмедова Хуршеда

Тамос:

суроға,

телефон,

Еmail:

 

Тоҷикистон. Вилояти Суғд.

ш. Конибодом, 735900 к. Ю.Ёдгорова 92,

(992 3467)3 12 82,  (992 92) 758 50 08

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it , This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасониҳои он.

 

 

Ташкилоти ҷамъиятии «Пайванди шаҳрвандӣ» соли 2003 таъсис ёфта ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози фаъолияти худ, қариб бо тамоми табақаҳои аҳолии ноҳияи Конибодом, махсусан мактабхонон, муаллимон, волидон ва ғ. кор мебарад.

Дар асоси ташкилот маркази захиравӣ, ҳамчунин маҳфилҳои гуногун барои ҳам бе истиснои ҷавонон ташкил карда шудаанд.

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

1. Лоиҳаҳои асосии амалигашта: Сарҳади шаффоф (DRC), ПАРМС , CECI, Канада; Ба ҳар як кӯдак ғамхорӣ ва диққат (UNISEF); Таъсис намудани мактаби пешвоии занон дар водии Фарғона (IDEE,USA); Омӯзиши кормандони МИОГВ ба саводи компютерӣ ва Интернет (УРБАН, Тоҷикистон).

2.Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ ва дарнақшаистода: Microcsholarship   program, «Нест бод ба тундгароии динӣ», Лоиҳаи муттаҳидсозандаи шабакаи Водии сулҳ (ё ҷаҳон).

Корбарӣ бо ЛОВ (Каритас), огаҳмандонии ҳуқуқии аҳолии деҳот.

 

Донорҳо ва шарикон

 

v  DRC – Шӯрои Дания доир ба корҳои гурезагон

v  Комиссияи демократии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

v  Аъзои Платформаи Ташкилотҳои Ҷавонони Ҷомеаи Шаҳрвандии вилояти Суғд (37 ташкилоти ҷамъиятӣ).

 

Нашр шудааст дар Ҷомеаи шаҳрвандӣ

Номи ташкилот

Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии Иттилоотӣ-Таълимӣ (ТҶҶИТ)

Маркази (РИОЦ) «Омӯзгор»

Маҳалли ҷойгиршавӣ

Ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳадафи ташкилот

 

Расонидани кӯмаки иттилоотӣ, таълимӣ, тренингӣ ба муаллимон, хонандагон, аҳолии ш. Панҷакент ва ноҳияи Панҷакент

 

Самти фаъолият

Гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ барои ҷавонон ва наврасон.

Курсҳои забони англисӣ

 

сомона

 

Роҳбар

 

Шарофова Людмила Низомовна

Тамос:суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

735500 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вилояти Суғд, ш. Панҷакент

хиёбони Рӯдакӣ, 68

тел (992 92) 742 97 00

тел/факс (109923475) 5-61-69

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Тавсифи мухтасари ташкилот ва хизматрасониҳои ӯ.

 

 

ТҶ РИОЦ «Омӯзгор» - ташкилоти ғайриҳукуматӣ ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Ташкилот 2 декабри соли 2002 дар Вазорати адлия таҳти рақами № 1042 ба қайд гирифта шуда, 07.04.2007 дар Вазорати адлияии ҶТ таҳти рақами № 146 азнавбақайдгириро гузаштааст. Фаъолияти худро ташкилот ҳанӯз соли 1999 оғоз намуда буд. Фаъолияти аввалиндараҷа аз ҳисоби пардохтҳои волидон амалӣ мегашт. Сипас, ташкилот барои гузаронидани корҳо байни ҷавонон якчанд грант гирифт. Соли 2010 ТҶ РИОЦ «Омӯзгор» аз сертификатсиякунонии ҷамъиятӣ гузаштааст.

Гурӯҳи мақсадноки ташкилот: донишҷӯён, хонандагон, муаллимони ҷавон, ҷавонони шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Панҷакент.

Хизматрасониҳо:

ü  Гузаронидани тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ

ü  Гузаронидани мизҳои мудаввар

ü  Расонидани машваратҳо

ü  Кӯмаки техникӣ

ü  Равобити иҷтимоӣ

ü  Волонтерӣ

ü  Тарҷумонӣ (русӣ-англ., англ-русӣ, русӣ-тоҷ.)

ü  Омодасозии хонандгони мактабҳо ба олимпиадаҳо, озмунҳои фаннӣ доир ба забони англисӣ

ü  Корҳои маҳфилӣ

 

Лоиҳаҳо:

  1. Амалигардонидашуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақша

 

Корҳои асосии лоиҳавии амалишуда: «Омӯзиши муаллимони макотиби ноҳия ба усулҳои замонавии таълими забони англисӣ», «Таъмин намудани барномаҳои россиягии хонандагони синфҳои русии мактаби миёнаи рақами 1 бо китобҳои дарсӣ», «Овоздиҳандагони нахустин», Барномаи мубодилаи хонандагон

FLEX PROGRAM.

2.Лоиҳаҳои асосии ҷорӣ: Айни ҳол корбарӣ бо занон, ҷавонон, мактабхонон, баландбардории ихтисоснокии муаллимони ҷавон, корбарӣ бо хонандагон доир ба омӯзиши забони англисӣ идома дорад.

Донорҳо ва шарикон

 

v  Сафорати ИМА

v  Сафорати Бритониёи Кабир

v  ТҶ «Бонувони Шарқ»

v  ТҶ «Мадад»

v  Ҳукумати шаҳри Панҷакент

v  Аъзои Платформаи Ташкилотҳои Ҷавонони Ҷомеаи Шаҳрвандии вилояти Суғд (37 ташкилоти ҷамъиятӣ).

Нашр шудааст дар Маориф ва илм
«ОғозБа ақиб1234ОяндаБа охир»
Саҳифаи 1 аз 4

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj