Саҳифаи аслӣ   >>   НПО Таджикистана   >>   Здравоохранение   >>   Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқӣ   >>   Ташкилоти Ҷамъиятии «Рушд»
Looking for something?
Душанбе, 18 Июл 2011 22:55

Ташкилоти Ҷамъиятии «Рушд»

Муаллиф  Tajikngo portal Admin
Rate this item
(1 Овоз)

Номи Ташкилот

Ташкилоти Ҷамъиятии  «Рушд»

Маҳалли фаъолият

Ҳамаи 25 ноҳияи вилояти Хатлон

Ҳадафи ташкилот

Мусоидат намудан ба рушди демократия ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон

 

Самти фаъолият

Демократия ва ҳуқуқҳои инсон

сомона

 

_____

Роҳбар

 

Маъмурҷон Мадмусоев

 

 

Тамос: суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон 735140, ш. Қӯрғонтеппа, хиёбони Ваҳдат, 29а

Почтаи Эл.:  This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it , This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Телефон:

Маъмурҷон Мадмусоев – 918730331

Юсуф Маҳмедов – 918665153

Суҳроб Таваров – 918849303

Шарҳи мухтасари ташкилот ва хидматрасонии он

 

Соли таъсисёбӣ, гурӯҳи мақсаднок, хизматрасониҳо ва ғ.

  • ТҶ «РУШД» моҳи январи 2000 таъсис шуда, расман 12–уми марти соли 2002   таҳти рақами 137 ба қайд гирифта шуда, аз навбақайдгириро 13 декабри 2007 таҳти рақами 76А  гузаштааст;
  • Гурӯҳи мақсадноки ташкилот тамоми аҳолии вилояти Хатлон, вобаста ба сатҳи оҷизии ҳуқуқии онҳо ва муносибат ба ин ё он ҳодисоти сиёсӣ, ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ, рӯзноманигорон, ҳукуматдорон мебошанд;

 

  • ТҶ «Рушд» фаъолияти таълимӣ бурда, ҷамоатҳоро баҳри ҳалли мушкилоти маҳаллӣ, ҳимояи кампанияҳо (ҳифзи манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон), тадқиқотҳои таҳлилӣ (Think Tank activities) бо мақсади таъсиррасонӣ ба сиёсат, расонидани машваратҳо ба шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин мавзӯъ муттаҳид месозад;

 

  • Аъзоёни ТҶ «Рушд» сатҳи дониш ва малакаҳои худро тавассути иштирок намудан дар аксари тренинг ва курсҳои милливу байналмиллалӣ доир ба ҳуқуқҳои инсон ва демократия баланд бардошта, бинобар ин, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи байналмиллалӣ талабот доранд

 

Ду аъзои ташкилот доимо дар интихобот аз ҷониби САҲА ва Институти Норвегиягӣ доир ба Корҳои Байналмиллалӣ назорат мебаранд.

Лоиҳаҳо:

  1. Роҳандозишуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақшабуда

 

1. Роҳандозишуда

  • 2000. Форуми пешазинтихоботӣ бо иштироки номзадҳо ва вакилон  дар Маҷлиси Олии ҶТ;
  • Август-Декабри 2002. Корҳои ҷамъиятӣ дар Навҷувон н. Бохтар ҷиҳати кашидани хати барқии стандартӣ;
  • Январ -Марти 2003. Корҳои ҷамъиятӣ дар Қизилбайрақи Бохтар ҷиҳати сохтмони роҳ  ;
  • Январи 2003. Тадқиқоти «Муайянсозии вазъи иқтисодии занҳои аз шавҳар ҷудошуда»;
  • Июн-Августи 2004 Тадқиқоти а) «Муайянсозии дониши гендерӣ байни аҳолии вилояти Хатлон»; б) Муайянсозии донишҳои сиёсии ҷавононе, ки нахустин бор овоз медиҳанд»;
  • 2005-2006. Чорабинии ҳимоятгаронаи «Ҳуқуқҳои молиявии занони ҷудошуда»;
  • 2006. Лоиҳаи «Иштироки бошууронаи шаҳрвандон дар интихобот»;
  • 2006-2007. Муттаҳидсозии ҷамоати Хлопзаводи шаҳри Қӯрғонтеппа барои пайваст намудани маҳалла ба системаи обиву канализатсионӣ
  • 2007. «Дастгирии ҳуқукии занони ҷудошуда»;
  • 2007. Тадқиқоти таҳлилии «Ҳисобдиҳии ҳукумати ҶТ назди шаҳрвандон»;
  • 2008. Тадқиқоти таҳлилии «Тандурустӣ дар Тоҷикистон: пулакӣ ё ройгон?»;
  • 2008-2009. «Таҳкими потенсиалии аҳзоби сиёсӣ дар Хатлон барои назорати дохилии интихобот»;
  • 2009-2010.  Тадқиқоти аналитикии «Тоҷикистон: кӯшиши паст кардани сатҳи камбизоатӣ  тариқи қонунгузорӣ».

2. Ҷорӣ

  • Презентатсияи натоиҷи сафар ба ИМА «Мусоидат намудан ба таҳсили ибтидоӣ ва миёнаи духтарон»;
  • Тадқиқоти таҳлилии «Баҳсҳои энергетикӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва таъсири манфии он ба ҳамкориҳои минтақавӣ»;
  • Лоиҳаи «Мусоидат намудан ба рушди хоҷагии қишлоқ тавассути афзоиши иқтидори ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ».
  1. Дар нақшабуда
  • Лоиҳаи  «Нобаробарии гендерӣ ва таъсири он ба мардон»;
  • Лоиҳаи «Ҷалбсозии кӯдакон ба ҷараёни қабули қарорҳо»;
  • Лоиҳаи «Таъмини ҳисоботдиҳии номзадон дар назди интихобкунандагон».

4. Иштирок дар дигар лоиҳаҳо

Аъзоёни ТҶ «Рушд» ҳамчунин ба сифати шарикон ва коршиносони даҳҳо лоиҳаҳо, ки бо ТҒҲ-ҳои миллӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла ТҒҲ-ҳо ба монанди UNTOP, UN Peace University in Costa Rica, UNFAO, OSCE, Swiss Institute for Small Arms, British NGO “Allavida”, Mercy Corp ва диг. иштирок намуданд.

 

Шарикон  ва донорони ташкилот

- Каунтерпарт Консортсиум;

- UNHCR;

- Каунтерпарт Тоҷикистон;

- IREX/USAID$

- Сафорати Амрико дар Тоҷикистон

- ШБ ИҶК БМ дар Тоҷикистон;

-   (NUPI);

- Иттиҳоди Аврупо;

 

Last modified on Сешанбе, 16 Август 2011 22:52

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj