Саҳифаи аслӣ
Looking for something?
Панҷшанбе, 24 Ноябр 2011 10:08

СҒД Тоҷикистон: чӣ бояд кард?

Муаллиф  Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Точикистон

Соли 2008 барои созмонҳои ғайридавлатии (СҒД) Тоҷикистон соли махсус буд. Онро соли дастовардҳои тоза ва, дар айни ҳол, соли мушкилот ва ташвишҳои ҳамешагӣ метавон ном бурд. Ба ҳар ҳол, ин соле буд, ки дар ташаккул ва инкишофи баъдии СҒД ҳамчун ниҳодҳои пурсамари ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такомули равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон қадаме назаррас ба бор овард. Метавон гуфт, ки дар ҳаёти СҒД Тоҷикистон акнун марҳилаи ташаккули он ба поён расида, давраи нав - давраи инкишофи устувор ва такомули маҳорати касбии СҒД фаро расидааст.

Гузаронидани нахустин Форуми миллии СҒД Тоҷикистон, муҳокима ва қабули Барномаи миллии инкишофи СҒД барои солҳои 2008-2015 ва Одобномаи СҒД Тоҷикистон, анҷоми нахустин сертификатсияи ҷамъиятии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъсиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои қобили мулоҳизаи сектори сеюм дар соли сипаришуда аст. Миқдори зиёди СҒД фаъолиятҳои худро дар роҳи ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи рифои мардум бомуваффақият давом доданд. Онҳо дар амалӣ сохтани барномаву нақшаҳои муҳими давлатӣ низ сахмгузор буданд, ҳамкориҳояшонро бо сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорони кишвар вусъат бахшиданд. Мазмун ва сифати барномаҳои маърифатии онҳо барои аҳолии шаҳру деҳот ба маротиб афзуд, натиҷаҳои мусбат ба бор овард.

Хурсандибахш аст, ки аксари ин дастовардҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои давлатӣ, иштироки фаъоли намояндагони парламент ва дастгирии бевоситаи худи созмонҳои ғайридавлатӣ дар маҳалҳо ва дар сатҳи миллӣ сурат гирифтаанд. Бомуваффақият анҷом бахшидани чунин чорабиниҳои муфид, аз як тараф, гувоҳи мавҷуд будани иродаи неки сиёсӣ дар сатҳи олии кишвар оид ба равандҳои демократӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад, аз тарафи дигар, нишондиҳандаи равшани такомули маҳорат ва инкишофи касбии худи ин созмонҳо дар роҳи инкишофи бардавом ва устувори онҳост, ки дар давоми 15 соли ахир бемайлон ҷараён дорад.

Аммо холигиҳо ҳам кам нестанд. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар Тоҷикистон сиёсати ягонаи стратегияи миллӣ оид ба инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, аз ҷумла созмонҳои ғайридавлатӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд надорад. Барномаи миллии инкишоф ва дастгирии сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, консептсияи стратегияи миллӣ ва самтҳои афзалиятнок дар ин ҷабҳа, роҳҳалҳои амалӣ сохтани онҳо ҳанӯз ҳам рӯйи кор наомадаанд. Лозим аст, ки ин ҳуҷҷатҳои муҳим ҳарчи зудтар дар партави нишондодҳои Президенти ҷумҳурӣ ва паёмҳои ҳамасолаи ӯ ба Парламенти мамлакат оид ба мақоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равандҳои демократӣ дар кишвар тарҳрезӣ ва мавриди истифода қарор гиранд. Қабули ҳамчунин як аснод имконият медиҳад, ки мавқеъ ва муносибати мақомоти расмии ҷумҳурӣ дар мавриди ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳравандӣ равшан карда, самтҳои асосӣ ва афзалиятнок дар ҳамкориҳои иҷтимоии тарафайн ташхис ва ба низоми муайян дароварда шавад. Имрӯз дар Тоҷикистон масъалаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ ҷойи баҳс надорад – ин нуктаро ҳам давлат ва ҳам тамоми нерӯҳои мавҷудаи сиёсию ҷамъиятии кишвар дастгирӣ ва пайравӣ мекунанд. Дар ин маврид, ба ибораи дигар, иттифоқи назар вуҷуд дорад, аммо, мутаассифона, роҳҳалҳои амалӣ сохтани ин ҳама ва таҳкими воқеии чунин як ҷомеа ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст.

Яке аз масъалаҳои мавриди назар дар ҳамин замина ин инкишофи устувор ва бардавоми СҒД аст. Маълум, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ наметавонад бе мавҷудияти чунин ниҳод ва сохторҳо арзи вуҷуд намояд, чун робитаи қавии байни давлату ҷомеа ва дигар сохторҳои мавҷударо фақат онҳо метавонанд барқарор кунанд ва тақвият бахшанд. Лозим аст, ки дар ҳамин қарина афзоиши бемайлони СҒД дар ин зинаи инкишофи ҷамъият аз нигоҳи миқдор таъмин ва дастгирӣ бояд карда шавад. Ба ибораи дигар, миқдор ҳанӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст, дар ҳоле ки дар Тоҷикистон миқдори умумии онҳо дар муқоиса бо солҳои пешин ба маротиб камтар шудааст - бештар аз 3000 СҒД дар соли 2007, аммо на бештар аз 1700 адад дар охири соли 2008. Даъвои баъзе аз мунаққидон, ки беҳтараш «кам бошаду хуб бошад» мегӯянд, ҳанӯз хеле бармаҳал аст. Давраи гузариши СҒД Тоҷикистонро аз миқдор ба сифат на бояд ба таври сунъӣ тезонд.

Барои инкишофи устувори СҒД сарчашмаҳои боэътимоди маблағгузорӣ лозиманд. Ҳолати имрӯза бошад, дар ин маврид боиси ташвиш ва нигаронист. Ҳанӯз ҳам, мутаассифона, созмонҳои байналмилалӣ сарчашмаи асосии кӯмакҳои молии СҒД ба шумор мераванд. Соҳибкорони кишвар худ ба ёрию мадад мӯҳтоҷанд, хайрияву саховат ва ҳунарпарварӣ миёни аҳолии мамлакат ҳанӯз ба ҳукми анъана надаромадааст. Дар чунин як ҳолати фавқулодда давлат метавонад ва вазифадор аст, ки ба СҒД дасти мадад дароз намояд. Қабули ҳарчи тезтари санадҳои ҳуқуқии махсус, ба монанди «Қонун дар бораи СҒД», танзими расмии маблағгузории СҒД аз тариқи будҷаи давлатӣ дар сатҳи миллӣ ва дар маҳалҳо ба инкишофи устувор ва маҳорати касбии СҒД такони бузурге бахшида, аз тарафи дигар, ба таҳкими бештари ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои иҷтимоии байни давлат ва сохторҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Муносибати соҳибмансабони давлатӣ нисбат ба СҒД ва намояндагони онҳо солҳои ахир хеле беҳтар шудааст. Ҳамкориҳои мақомоти қудрати маҳаллӣ дар баъзе аз ноҳияҳои мамлакат шоистаи тақдир аст. Ташкили шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди ҳукуматҳои маҳаллӣ, ба таври васеъ истифода бурдани фаъолони СҒД дар фаъолияти чунин шӯроҳо ва ҳатто ба корҳои масъули давлатӣ пешбарӣ намудани онҳо аз падидаҳои хубанд. Аммо, мутааасифона, чунин падидаҳои мусбат хусусияти умумимиллӣ нагирифтаанд, ба як низоми муайян надаромадаанд. Ҳанӯз ҳам муносибати аксари намояндагони сохторҳои давлатӣ ба СҒД агар нобоварона набошад ҳам, ҳатман нописандона ва ғайрисамимона аст, ки ин ҷоиз нест. Мушкилот ин аст, ки СҒД дар маҷмӯъ ҳамчун шарикони баробарвазн ва боэтимод дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи ҷомеа ҳанӯз ҳам ба таври ҷиддӣ қабул ва эътироф нашудаанд. Ин ҳолатро фақат қабул ва мавриди истифодаи амалӣ қарор додани санадҳое, ки дар боло ишора рафт, тағйир дода метавонаду халос.

Масъалаи иштироки СҒД дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва идораи давлатӣ низ аз масъалаҳои муҳими ҳалталаб аст. Дар кишварҳои пешрафтаи демократӣ ин масъала бебаҳс аст. Ҳатто дар баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ бо ин мақсад кумита ва шӯроҳои махсус дар назди мақомоти қудрати давлатӣ таъсис дода шудаанд, ки иштироки бевосита ва самараноки СҒД ва фаъолони онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва идораи давлатӣ таъмин менамояд. СҒД ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Қиризистон, масалан, ҳатто намояндагони худро дар парламентҳои миллии ин кишварҳо доранд. Дар Тоҷикистон низ соли оянда интихобот ба Мачлиси намояндагони МО дар назар аст. Иштироки СҒД Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳим чӣ гуна хоҳад буд? Оё ба СҒД Тоҷикистон имкони иштироки васеъ ва пешбарии номзадҳои арзандаи худ фароҳам оварда мешавад ё на? Ин масъаларо нодида гирифта намешавад, чун СҒД имрӯз ба яке аз пурсамартарин ва бонуфӯзтарин институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мубаддал гаштаанд. Ин нерӯи созанда ва боровар аст. Хотирнишон кардани фақат ҳамин нукта кофист, ки онҳо қариб дар ҳама гӯшаву канори кишвар амал мекунанд ва робитаи хубу қавӣ бо аҳолӣ низ доранд.

СҒД аз аҳзоби сиёсии кишвар фарқ мекунанд ва дар ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсӣ-иҷтимоии кишвар ва муносибаташон ба мақомоти давлатӣ мавқеъ ва назари мутафовит аз аҳзоби сиёсӣ доранд. СҒД ҳаргиз барои ба даст овардани мақсадҳои сиёсӣ фаъолияти худро созмон нахоҳанд дод. Ҳадафи асосии СҒД дар ин замина эҷоди фазои солими иҷтимоӣ /сотсиализатсия/ аз тариқи барномаҳои маърифатист, на сиёсатгароӣ /политизатсия/. Аз ин рӯ, давлат ва мақомоти давлатӣ барои онҳо на ҳамчун ҳарифони сиёсӣ, балки танҳо ба сифати шарикони ҳамкор ва сарчашмаи мадад ва дастгирӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд, ки усулан ба талаботи эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва такомули равандҳои демократӣ ҷавобгӯ аст. Барои СҒД давлат ҳамеша ҳамчун созмоне, ки дорои тавоноӣ ва имконоти бепоён аст, аммо ҳамеша ба азнавсозиҳо зарурат дорад, матраҳ мешавад ва дар ин ҷараёни бардавом СҒД ҳамеша сарчашмаи нотамом ва боътимоди такмил ва инкишофи давлат дар роҳи шукуфоии миллӣ ва демократияи воқеӣ боқӣ хоҳанд монд. Хулоса, барои демократия ва озодиҳои демократӣ муҳим аст, ки дар ҷамъият ва давлат низоми махсуси меъёрҳое, ки тавонад пеши мутлақият ва тамаркузи аз ҳад зиёди қудрати давлатиро боз дорад, эҷод карда шавад. Таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи устувори СҒД ҳамчун муассиртарин ниҳодҳои он аз ҷумлаи меъёрҳои боэътимод ва дар таҷрибаи ҷаҳонӣ санҷидашуда ба шумор мераванд ва чун Тоҷикистон аз чунин равандҳои тақдирсоз берун нест, барои муваффақ шудани роҳбарият ва сокинони кишвар ба дастовардҳои бештар дар ин марҳилаи муҳим мусоидат хоҳанд кард.

***

 

 

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj