Саҳифаи аслӣ
Looking for something?
Панҷшанбе, 24 Ноябр 2011 10:03

Мафҳуми СҒД дар қонунгузории Тоҷикистон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ

Муаллиф  Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Миқдори созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон рӯз то рӯз меафзояд ва инро ҳамчун падидаи мусбат бояд арзёбӣ кард. Агар дар давоми солҳои 1991- 2001 миқдори умумии иттиҳодияҳои ҷамъиятии расман номнависшуда андаке бештар аз 800 адад бошад, охири соли 2005 ин миқдор бештар аз 2600, дар соли 2006 – 2800 ва дар соли 2007 – 3130 ададро ташкил додааст. Имрӯз дар асл соҳае нест, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) дар ҳаллу фасли мушкилоти он ширкат намеварзида бошанд. Ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ махсусан дар бозомӯз ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас аст.

Аввалин марказҳои бозомӯзи замонавӣ, кор бо занону кӯдакон, маъюбону барҷомондагон, таъсиси аввалин корхонаҳои хурди тиҷоративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам сохтани аввалин кӯмакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат бо истифода аз васоити пешқадами рӯз барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави кор барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо – чунинанд номгӯйи нопурраи фаъолиятҳое, ки ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар давоми 17 соли охир ба он сару кор доранд .

Дар тӯли солҳои истиқлолият, ба қавли Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мо тавонистем бо интихоби роҳи усулан нави пешрафти кишварамон, ки ба арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда такя мекунад, таҳкурсии асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем. Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд1.

Мутаассифона, дар мавриди мафҳуми «созмонҳои ғайридавлатӣ» на дар қонунгузории ҷории Тоҷикистон ва на дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва амалияи ҷаҳонӣ то имрӯз фаҳмиши ягона ва ақидаи қобили қабули ҳамагон вуҷуд надорад2. Дар Оинномаи СММ, ки аксари муҳаққиқон дар ин маврид ба он ҳамчун сарчашмаи мӯътамад истинод мекунанд, ин истилоҳ дар шакли «созмони ғайридавлатӣ» ( неправительственная организация – дар забони русӣ, non- governmental organization – дар забони англисӣ) мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар моддаи 71 он, вақте сухан дар бораи имконоти ҳамкорӣ ва барқарор намудани муносибатҳои машваратӣ бо созмонҳои ғайридавлатӣ дар доираи фаъолиятҳои СММ меравад, омадааст, ки ин созмонҳо метавонанд миллӣ ва байналмилалӣ бошанд, вале моҳият ва мундариҷаи худи ин мафҳумро равшан накардааст. Ин ҳолат барои солиёни дароз (давраи баъд аз соли 1946) ҳамин тавр норавшан мемонад. Фақат дар сли 1996 дар Резолюцияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ3 таҳти рақами 1996/31 барои аввалин бор мафҳуми СҒҚД то андозае равшан ва мушаххас баён карда мешавад. Мутобиқи банди 12 резолюцияи мазкур таҳти ин мафҳум созмонҳое дар назар дошта мешаванд, ки аз тарафи давлат ва ё дар асоси мувофиқатномаҳои байниҳукуматӣ таъсис дода нашудаанд. Илова бар ин, аз яке аз шартҳои номбаршуда чунин бармеояд, ки ин созмонҳо хусусияти аъзогӣ бояд дошта бошанд, аз қабили ассоциация, иттиҳодия, иттифоқ ва ғайра. Дар амалияи ҳуқуқи байналмилалӣ, масалан фонд, ҳамчун шакли ташкиливу ҳуқуқии шахсони ҳукуқӣ наметавонад ба узвият асос ёфта бошад. Пас, мантиқан фонд наметавонад аз нигоҳи резолюцияи мазкур ҳамчун СҒД баррасӣ шавад. Аз тарафи дигар, амалияи солҳои охир аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миқдори зиёди фондҳои гуногун дар ҳамин маком бо СММ ҳамкориҳо доранд.

Дар санадҳои расмии солҳои баъдии СММ ва Шӯрои иқтисодиву иҷтимоии он дар мавриди ин мафҳум баъзе маълумоти иловагиро дучор меоем. Аз ҷумла, кайд карда мешавад, ки чунин созмонҳо ғайритиҷоратӣ бояд бошанд, ҳарчанд ин маънӣ на дар моддаи зикршудаи Оинномаи СММ ва на Резолюцияи рақами 1996/31 ба назар намерасад 4. Дар ҳуҷҷатҳои расмии Шӯъбаи иттилооти ҷамъиятии СММ, ки ҳамчунин бо созмонҳои ғайридавлатӣ бевосита сарукор дорад, маънии ин мафҳум чунин ифода ёфтааст: «Созмони ғайридавлатӣ гуфта ҳамагуна иттиҳоди//сохтори ихтиёрии ғайритиҷоратии шаҳрвандон дар назар дошта мешавад, ки дар сатҳи маҳаллӣ, давлатӣ ва байналмилалӣ таъсис дода шудааст»5. Аз назари мо, СММ дар маҷмӯъ тавонистааст, ки баъзе аз хусусиятҳои муҳими СҒД-ро равшан намояд, ки аз нигоҳи муҳаққиқони ин соҳа аз принсипҳои асосии ин сохторҳо ба шумор мераванд, аз қабили ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратӣ ва ихтиёрӣ будан.

Созишномаи Шӯрои Аврупо аз 24 апрели соли 19866 ва Дастури амали Бонки умумуҷаҳонӣ (1989)7, ки ба иртиботи созмонҳои ғайридавлатӣ корбаст шудаанд, низ ин масъаларо ба таври бояду шояд равшан карда натавонистанд. Ҷиҳати мусбати ин санадҳо аз он иборат буд, ки а) фонд ва ассотсиатсия ҳамчун шаклҳои ташкилию ҳукуқии СҒД расман номбар шудаанд, б) иштироки давлат ва сохторҳои давлатӣ дар таъмини молию моддии СҒД қобили қабул дониста шудааст. Гузашта аз он, Бонки умуиҷаҳонӣ таъкид мекунад, ки СҒД ҳаргиз истилоҳи ҳуқуқӣ нест, сабаби истифодаи он фақат маъмул будан ва мавриди истифодаи аксари созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтанаш аст8.

Дар конунгузории Тоҷикистон низ, чун дар соир кишварҳои ИДМ, мафҳуми «созмони ғайриҳукуматӣ» мавриди истифода карор нагирифтааст. Озарбойҷон ягона кишварест, ки дар ин силсила аз мафҳуми «созмони ғайридавлатӣ» истифода бурдааст ва ба ҳамин унвон қонун ҳам қабул кардааст9. Дар конунгузории кишварҳои дигар, аз ҷумла Арманмистон, Гурҷистон, Россия ва ӯзбекистон истилоҳҳои муодили «созмонҳои ғайритиҷоратӣ // некоммерческие // непредпринимательские организации» мавриди истифода қарор гирифтаанд.

21 майи соли 2007 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»10 қабул гардид, ки амали он тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиро фаро мегирад, ба истиснои ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки тибқи қонунҳои алоҳида танзим мешаванд11. «Иттиҳодияи ҷамъиятӣ,- омадааст дар қонун,- иттиҳоди ихтиёрӣ, худидорӣ ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад»12. Ба назари мо, дар ин ҷо илова намудани як унсури дигари муҳими СҒД аз фоида холӣ нест, ки он «ғайридавлатӣ будан» аст. Зеро «ғайритиҷоратӣ будан» ҳанӯз кифоя нест, ки мо он сохторро СҒД хонем, чун мутобиқи Кодекси граждании ҶТ13, ки созмонҳоро ба тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ тақсимбандӣ кардааст, ин мафҳум метавонад сохторҳои давлатиро низ дар бар гирад. Яъне, сохтори давлатӣ метавонад ғайритиҷоратӣ бошад, дар ҳоле ки ҷамъиятӣ нест, аз қабили сохторҳои давлатии буҷетӣ.

Зери мафҳуми «созмонҳои ғайридавлатӣ», аз назари мо, созмонҳо ва сохторҳои ғайридавлатии ғайритиҷоратие дар назар бояд дошта шаванд, ки нияти иҷрои ҳадафҳои муҳими иҷтимоӣ дошта, бар асоси усули ихтиёриву худидоракунӣ амал мекунанд, шахсони ҳуқуқии шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ мебошанд ва ё бидуни қайди давлатӣ фаъолияти худро пеш мебаранд, ба истиснои ташкилотҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ.

***

 

***

1 Паёмњои Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон баМаҷлиси Олии Ҷумњурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 ва 30 апрели соли 2007.

2 Система ООН и гражданское общество – подведение итогов и анализ практики. htpp://www.un.org/russian/partners/sys4.htm

3 Барои маълумоти бештар руҷӯъ кунед ба: http://www.un.org/esa/coordination/ngo; http://www.hri.ru/documents/oun/oun3.php

4 Ниг.: Смилтнекс П. Понятие НПО в международном праве, правовой теории и законодательстве зарубежных стран. Алматы, 2003.

5 htpp:/www.un.org/russian/question/ngo-dpi

6 Конвенция Совета Европы «Европейская конвенция о признании правосубъективности международных неправительственных организаций»: htpp://www.coe.int/T/E/NGO/public/Convention%5F124/.

7 Операционное руководство Всемирного Банка «О вовлечении неправительственных организаций в деятельность, поддерживаемую Банком» на сайте: htpp://wbln0018.worldbank.org/Institutional/Manuals/OpManual.nsf/1DFB2471DE05BF9A8525672C007D09507?OpenDocument.

8 Руководство Всемирного Банка, Рассуждение к главе В, раздел 1, пункт (а)

9 Закон Республики Азербайджан « О неправительственных организациях», 2000.

10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» // Садои мардум, 21 майи соли 2007.

11 Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» , моддаи 2 .

12 Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» , моддаи 5 .

13 Первая часть Гражданского Кодекса РТ, 1 января 2000 г.

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj