Саҳифаи аслӣ   >>   ЭЪЛОНҲО   >>   Эълонҳо   >>   Озмуни грантӣ оид ба дата-журналистика барои ВАО
Looking for something?
Панҷшанбе, 16 Феврал 2017 13:06

Озмуни грантӣ оид ба дата-журналистика барои ВАО Featured

Муаллиф  Tajikngo

Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, дар доираи барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ (ДИМД) дар Тоҷикистон”, ки аз тарфи Вазорати Рушди Байналмиллалии Британия Кабир маблағгузорӣ мешавад (DFID)

ВАО-и Тоҷикистонро барои иштирок дар озмуни грантӣ барои беҳтарин мавод дар мавзӯи марбут ба буҷети ҷумҳурӣ ва идоракунии молияи давлатӣ даъват менамояд.

Барои иштирок дар озмуни грантӣ оид ба дата -журналистика рӯзноманигорон/ редаксияҳои расонаҳои минтақавӣ ва миллии чопӣ ва онлайн, телевизионҳо ва радиоҳои давлатию ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд. Мавзӯи дархостҳои лоиҳавӣ бояд масъалаҳои вобаста ба идоракунии молияи давлатӣ, идоракунии буҷет ва инчунин баланд бардоштани дониши молиявии аҳолиро инъикос намоянд.

Мақсадҳои озмуни грантӣ:

  • Мусоидат дар беҳтар намудани малакаи касбии рӯзноманигарон дар инъикоси масъалаҳои муҳими иқтисодӣ вобаста ба буҷет ва идоракунии молияи давлатӣ (ИМД);

  • Кӯмак ба рӯзноманигороне, ки барои эҷоди лоиҳаҳо доир ба масъалаҳои муҳими иқтисодӣ имконияти молиявӣ надоранд;

  • Баланд бардоштани сатҳи дониши молиявӣ ва иттилоонидани аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба равандҳои буҷетӣ ва ИМД тавассути нашри маводи босифату касбӣ дар ВАО;

  • Ҳавасмандгардонии ВАО барои пешбурди дата-журналистика.

 

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон аз ВАО бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

 

Меъёрҳои интихоби мавод:

  • Аҳамияти мавзӯъ;

  • Мукаммал ва фаҳмо будани маълумот;

  • Истифодаи сарчашмаҳои гуногун (мусоҳиба бо коршиносон, маълумотҳои расмӣ аз сарчашмаҳои мухталиф, инъикоси андешаҳои шаҳрвандон, маълумотҳои байналмилалӣ);

  • Пешниҳоди ҷолиб;

  • Дақиқ будани мавод;

  • Истифодаи моҳирона ва босифати чандрасонаӣ дар инъикоси маълумотҳо (графика, даиаграммаҳо, харитаҳо, навор, садо, аксҳо ва ғайраҳо);

  • Лоиҳа набояд барои пешбурди манфиатҳои сохторҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва ё ҷамъиятӣ мусоидат намояд;

МУҲИМ АСТ: Маводи дархостӣ дар озмуни грантӣ бояд аслӣ ва қаблан дар дигар расонаҳо нашр нашуда бошад.

Шахсоне,ки хоҳиши дар озмуни иштирок кардан доранд, бояд ҳуҷатҳои дар боло зикр гардидаро то соати 17:00, 24-уми феврали соли 2017 ба суроғаи зерин пешниҳод кунанд:

ш.Душанбе,кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази тиҷоратии “ВЕФА”, ошёнаи 4-ум, тел: 441-07-45, 441-07-48, 441-07-29, ё бо суроғаи электронии This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it ва This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

Шахси мутасаддӣ: Ксения Миронова, Ҳамоҳангсози барномаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон”.

 

Ҳуҷҷатҳое, ки бо вайрон кардани шартҳои ИҶК БМ – Тоҷикистон тартиб дода шудаанд, пурра нестанд ё баъди муҳлати зикршуда ворид гардидаанд, баррасӣ намешаванд. Маводи ба озмун пешниҳодшуда баргардонда намешавад.

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj