Саҳифаи аслӣ   >>   Интишорот   >>   Муттаҳид шавем, то бисозем ё Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Точикистон ба мо чи медиҳад?
Looking for something?
Панҷшанбе, 24 Ноябр 2011 10:10

Муттаҳид шавем, то бисозем ё Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Точикистон ба мо чи медиҳад?

Муаллиф  Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Ҳамаги чанде пештар дар Вазорати адлияи чумҳури боз як ниҳоди нав ба қайд гирифта шуд. Дар асоси пешниҳоди вакилони нахустин Форуми миллии созмонҳои ғайридавлатии Точикистон \СҒД\, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти кишварамон доир гардид, Ассотсиатсияи миллиии СҒД таъсис дода шуд. Ин ҳодиса як гардиши муҳим дар раванди ташаккул ва такомули ниҳодҳои чомеаи шаҳрванди дар кишвар буда, дар инкишоф ва таҳкими ҳарчи бештари равандҳои демократи ва махсусан дар инкишофи устувор ва такомули касбии СҒД дар Точикистон нақши арзанда дорад.

 

Таърихи ташаккул ва такомули СҒД Точикистон ба давраи навини кишварамон робитаи ногусастани дорад. Маҳз дар асари ба даст овардани истиқлоли давлати ва соҳибистиқлолии милли густариши бештари озодиҳои демократи ва ба арсаи вучуд қадам гузоштани аввалин ниҳоду сохторҳои чомеаи шаҳрванди имконпазир гашт. Инак, бо гузашти солҳо СҒД Точикистон ташаккул ёфтанд, ҳадаф ва мақсаду мароми онҳо равшантар ва мушаххастар гардид, шеваи корашон такомул ёфт, дар асари кору фаъолияти хастанопазири худ чеҳраи тоза ба худ касб карданд, ҳамчун фаъолтарин созандагони чомеаи шаҳрванди дар саросари кишвар шинохта ва қадр карда шуданд. Дар тамоми гўшаву канори чумҳури метавон садҳо нафар намояндагони сарсупурдаи ин сохторро дучор омад, ки дар роҳи ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиву ичтимоии кишвар дасту ба даст бо намояндагони мақомоти давлати, соҳибкорон ва дигар ниҳодҳои чомеаи шаҳрванди самаранок меҳнат мекунанд, дар роҳи баланд бардоштани сатҳи рифои мардум ва амали сохтани барномаҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Точикистон саҳм мегиранд. Натичаи фаъолияти СҒД имрўз на танҳо садҳо барномаҳои пурмаҳсули маърифати дар бахшҳои мухталиф, кумакҳои беғаразона ба ҳочатмандон ва кўҳансолон, ташвиқи тарзи солими ҳаёт миёни чавонон ва кўдакон, балки таъмини ҳазорон нафар шаҳрвандони кишвар бо чойи кор ва меҳнати шоиста низ мебошад. Воқеан, имрўз соҳае нест, ки дар он намояндагони СҒД фаъолият надошта бошанд.

 

Афзоиши миқдори СҒД, беҳтар шудани сифати кор ва натичаҳои фаъолияти онҳо дар асари баланд бурдани сатҳи маҳорати касбиашон, ба гўшаҳои дурдасттарини кишвар таваччўҳ зоҳир намудани онҳо таи солҳои охир яке аз дастовардҳои намоёни СҒД Точикистон ба шумор меравад. Натичаи дигари назаррас дар фаъолиятҳои СҒД ин ба андозае беҳтар шудани ҳамкориҳои онҳо бо сохторҳои давлати ва соҳибкорони кишвар аст. Инро метавон ҳамчун қисми таркибии раванди умумии эъмори чомеаи шаҳрванди ва таҳкими заминаҳои демократия дар кишвар арзёби намуд. Қобили қайд аст, ки мавчуд будани иродаи неки сиёси дар кишвар ва фаҳмиши дурусти роҳбарияти сиёси дар мавриди арзишмандии равандҳои демократи ба ин ҳама мусоидат намудааст. Ба қавли Президенти Точикистон Эмомали Раҳмон, мо тавонистем бо интихоби роҳи усулан нави пешрафти кишварамон, ки ба арзишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ такя мекунад, таҳкурсии асосии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузорем ва дар ин замина, чунонки Президенти кишвар дуруст қайд мекунад, нақши СҒД низ ба сифати унсурҳои фаъоли чомеа назаррас аст.

Соле ки гузашт, барои СҒД Точикистон соли махсус ва имтиҳони чиддие буд. СҒД дар ҳолате қарор гирифтанд, ки бо сабабҳои муайян кумакҳои молию моддию созмонҳои байналмилалии маблағгузор ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт ва дар фаъолияти рўзмарраи онҳо таъсири худро гузошт. Ин дар ҳолате сурат гирифт, ки СҒД Точикистон дар раванди ташаккул ва такомули худ ҳанўз ба дарачаи инкишофи устувор ва мустақил нарасидаанд. Сарчашмаҳои дохилии маблағгузори ҳанўз ҳам ба таври бояду шояд мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Муносибати давлат ба СҒД, хушбахтона, ба таври назаррас тағйир ёфтааст, аммо сиёсати ягонаи милли дар мавриди дастгирии моддиву молии сохторҳои чомеаи шаҳрванди дар саросари кишвар аз тариқи будчаи давлати ба ҳукми анъана надаромадааст. Соҳибкорон бошанд, худ ба кумак зарурат доранд, аз ин рў, дастгирии онҳо чандон назаррас нест. Дастрас намудани маблағҳои мавриди зарурат аз тариқи хайрияву кумакҳои шахсони алоҳида низ дар чомеаи имрўзи мо ривоч наёфтааст, ҳачми аъзоҳаққи ва даромадҳо аз ҳисоби фаъолиятҳои соҳибкорию истеҳсолии СҒД бисёр ночиз ва нокифоя аст. Пас, муттаассифона, дастгирии моддии созмонҳои байналмилали имрўз дар фаъолияти СҒД Точикистон ягона сарчашмаи муассири маблағгузори ба шумор меравад, ки боси ташвиш буда, бояд ҳарчи зудтар мавриди омўзиш ва арзёбии махсуси тарафҳои ҳавасманд қарор бигирад.

Аз тарафи дигар, қонуни нави ЧТ дар бораи иттиҳодияхои чамъияти масъалаи дубора аз қайди давлати гузаштани ин сохторҳоро тақозо намуд, ки бояд то охири моҳи декабри соли 2007 ба анчом мерасид. Дар натичаи чунин як чорабинии номатлуб миқдори СҒД Точикистон якдафъа ба таври назаррас ва ташвишовар кам шуд. Мутобиқи маълумоти расмии Вазорати адлияи чумҳури сафи СҒД аз 3130 адад ба 1040 адад поён омад. Албатта, сабабҳои чунин як тағйироти кулли омўзиш ва баррасии чидди ва алоҳидаро мехоҳад, аммо бидуни таҳлили амиқ низ ин ҳолати номатлуб бояд мавриди ташвиш ва нигаронии ҳамагон қарор гирад. Ҳаракати мо дар мачмўъ ба сўйи сифат ва баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии СҒД аст, аммо фаромўш набояд кард, ки дар марҳалаи кунунии инкишофи ниҳодҳои чомеаи шаҳрванди мо ҳанўз ҳам ба миқдор зарурат дорем ва ин масъаларо нодида гирифтан иштибоҳ хоҳад буд.

Ниҳоят, дар асари ин ҳама ҳолатҳои номатлуб низоми ягона ва мароми кори СҒД, ки одатан аз тарафи созмонҳои маблағгузор танзим мешуд, солҳои ахир ба таври назаррас халалдор шуд. Марказҳои дастгирии сохторҳои чомеаи шаҳрванди, ки нисбатан фаъол буданд ва нақши миёнарав ва танзимкунандаро мебозиданд, бо сабабҳои мухталиф дигар аз ўҳдаи ин кор набаромада монданд. Зарурати таъсиси шабакаи ягонаи милли, таҳлили вазъи ба вучудомада, арзёбии бурду бохти СҒД таи солҳои ахир ва дар ҳамин замина таъйини стратегияи миллии инкишоф ва самтҳои асосии фаъолияти онҳо ба миён омад. Дар ҳалли ин ва дигар масъалаҳои муҳими инкишофи баъдии СҒД нахустин Форуми миллии созмонҳои ғайридавлатии Точикистон, ки 14-15 майи соли равон бо кумаки бевоситаи Хазинаи Оғохон ва дастгирии Дастгоҳи ичроияи Президенти кишвар доир гардид, нақши арзандаеро бозид. Дар ин форум барои аввалин бор дар таърихи навини истиқлоли давлатии Точикистон Барномаи миллии инкишоф ва Одобномаи созмонҳои ғайридавлатии Точикистон барраси ва қабул гардид, ки бояд ҳамчун дастоварди бузурги равандҳои демократи ва таҳкими чомеаи шаҳрванди на фақат дар кишварамон, балки берун аз он низ бояд арзёби шавад.

Таъсиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Точикистон дар ҳамин қарина як падидаи шоистаи таҳсин буда, мақсади асосии он муттаҳид сохтан ва танзим бахшидани низоми кори тамоми ниҳод ва сохторҳои чомеаи шаҳрвандии кишвар мебошад. Дар асоси риояи усули демократии идора ва таъйини самтҳои асоси ва афзалиятноки инкишофи СҒД он бояд ба раванди умумимиллии такомул ва инкишофи устувор, ба даст овардани мустақилияти моддиву моли, мавқеъ ва мақоми сазовори онҳо дар дохил ва хоричи кишвар мусоидат намояд. Ассотсиятсияи навташкил ҳамчун хонаи умумии тамоми СҒД ҳамеша барои дастгири, маслиҳат ва пуштибонии ниёзмандон омода хоҳад буд. Аллакай таъсиси шабакаи ягонаи иттилоти, ки барои ҳамаи СҒД дар саросари кишвар дастрас бошад ва барои таъмини фаъолияти босамари онҳо хизмат расонад, дар дасти кор аст. Муҳокимаҳои чамъиятии як қатор санадҳои ҳуқуқии махсуси марбут ба фаъолияти сохторҳои чомеаи шаҳрванди, аз қабили «Қонуни ЧТ дар бораи СҒД», «Қонуни ЧТ дар бораи фармоишоти ичтимоии давлати», «Қонуни ЧТ дар бораи эҳсонкори» ва ғайра, ки инкишофи устувори СҒД-ро замонати бештар медиҳанд, низ дар назар аст. Ассотсиатсияи навташкил, аз тарафи дигар, бояд ба беҳтар сохтани вазъи ҳамкориҳои ичтимоии байни сохторҳои давлати,СҒД ва соҳибкорони кишвар вусъат бахшад, имконот ва тавоноии созандаи ниҳодҳои чомеаи шаҳрвандиро дар роҳи шукуфоии кишвар дар амал намоён созад. Умед аст, ки дар асари иттиҳод ва дастгирии ҳамдигар мо аз ўҳдаи ин вазифаҳо бо сарбаланди мебароем.

 

***

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj