Саҳифаи аслӣ   >>   Интишорот   >>   Ҳамкориҳои иҷтимоии СҒД бо сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорон
Looking for something?
Панҷшанбе, 24 Ноябр 2011 09:56

Ҳамкориҳои иҷтимоии СҒД бо сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорон

Муаллиф  Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Тоҷикистон

Масъалаи ҳамкориҳои иҷтимоии созмонҳои ғайридавлатӣ (СҒД) бо дигар сохторҳо аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Дар ин замина ҳамкориҳо бо сохторҳои давлатӣ мақоми аввалиндараҷа дорад, чун ин ҳамкориҳо дар ниҳояти кор ба идораи хуби давлат ва давлатдорӣ, аз як тараф, ва амалӣ гаштани унсурҳои аслии демократия, аз қабили ҳисобдиҳӣ, шаффофият, иштироки васеи шаҳрвандон дар идораи давлат ва назорати ҷамъиятӣ, аз тарафи дигар, мусоидат мекунад. Аммо ин ҳамкориҳо якранг ва орӣ аз тазодҳо нест.

Умумиятҳо дар фаъолияти ин сохторҳо барои ҳамкориҳои самарабахши тарафайн мусоидат мекунад. Ҳам давлат ва ҳам СҒД дар маҷмӯъ баҳри он мекӯшанд, ки сатҳи рифои мардум боло равад, мушкилоти сиёсию иҷтимоии мавҷуда ҳалли худро ёбад, маърифати ҳуқуқӣ ва шаҳрвандии мардумон такмил дода шавад, эҳсоси масъулият дар шаҳрвандон афзояд, дараҷаи фаъол ва ҳавасманд будани шаҳрвандон дар ҳалли масъалаҳои ҳалталаб ва иштироки бевоситаи онҳо дар ин равандҳо густурдатар гардад ва ғайра. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар мавриди ҳадафҳои стратегии миллӣ низ тавофуқи комили назарҳо вуҷуд дорад: ҳам роҳбарияти сиёсии кишвар ва ҳам СҒД таҳкими равандҳои демократӣ ва эъмори чомеаи шаҳрвандиро аз ҳадафҳои аслӣ ва стратегии худ қарор додаанд. Пас, давлат бояд хеле ҳавасманд бошад, ки ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла СҒД дар кишвар инкишоф ёбанд ва устувор гарданд, чун:

  • фаъолияти СҒД дар амал ба инкишофи собитқадамонаи равандҳои демокаратӣ дар ҷомеа, аз ҷумла озодии сухан, матбуот, гуногунандешӣ, шаффофият, назорати ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ғайра мусоидат намуда, иштироки бевоситаи шаҳрандонро дар таҳаввулоти мусбати ҷомеа таъмин мекунад;

  • фаъолияти СҒД дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ба истиқрори амният ва суботи иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири тоҷикон мусоидат мекунад;

  • фаъолияти СҒД имкон медиҳад, то маблағҳои иловагӣ барои ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоии кишвар, аз ҷумла таъмини тавозуни гендерӣ сафарбар карда шаванд;

  • фаъолияти СҒД ба нисбати дастрас, мушаххас, инъитофпазир будан ва истифода аз шеваҳои ғайримаъмулии кор самараи бештар дорад.



Доираи ҳамкориҳои байни давлат ва СҒД васеъ аст. Фароҳам сохтани шароити мусоид ба шаҳрвандон барои ширкат дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва ташаккули ҷаҳонбинии солим, ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ, баррасӣ ва арзёбии муҳимтарин барномаҳои давлатии инкишоф дар ҷараёни таҳия ва татбиқи онҳо, иштироки бевосита дар барномаҳои иҷтимоии давлат, ки ба инкишофи устувори ҷомеа нигаронда шудаанд ва ғайра, аз назари мо, аз ҷумлаи чунин ҳамкориҳо буда метавонанд. Давлат ба нисбати тавоноии фавқулодда бузурги моддиву молӣ ва низоми муташаккили идора метавонад ба СҒД кӯмаки ҷиддӣ расонад. Чунин дастгирӣ, аз як тараф, ҳалли мушкилоти иҷтимоии худи давлатро натиҷабахштар созад, аз тарафи дигар, ба инкишофи устувори СҒД ва баланд бурдани нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа мусоидат мекунад. Мутобиқи гузориши СММ, азбаски равандҳои солҳои ахир дар қаринаи ҷаҳонгароии умумӣ шарту шароити низоми давлат ва давлатдориро ба таври қобили мулоҳиза тағйир додааст, давлатҳо дар умури идораи хеш дигар наметавонанд ба шеваи пешин ва бидуни кӯмаки сохторҳои ҷамъиятӣ фаъолият кунанд: ин кӯмакро дар идораи давлат ва давлатдории солим метавонанд СҒД анҷом диҳанд. Шароити нав тақозо мекунад, то давлат ва идораи хуби давлат бо иштироки фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирад1. Масалан, дар Чехия масъалаи дараҷаи ришватхӯрӣ, фасод ва коррупсияи сохторҳои давлатӣ аз тарафи СҒД анҷом дода мешавад ва маблағи хароҷоти онро худи давлат мепардозад. Чунин намунаи хуби ҳамкорӣ ва боварии давлат нисбат ба СҒД дар ҷумҳурии Қирғизистон ҳам ба назар мерасад. Дар назди Вазорати адлияи ин кишвар Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолиятҳо оид ба мубориза зидди фасод ва коррупсия амал мекунад, ки дар фаъолияти он СҒД ба таври фаъол ширкат меварзанд. Ба қавли Марат Каипов, вазири адлияи ин кишвар, СҒД амали назорат ва арзёбии сохторҳои давлатиро дар бобати ришват ва коррупсия хеле хуб ва беҳтар аз дигарон анҷом медиҳанд2. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бошад, СҒД ба ҳайси ҳамкорони интеллектуалии давлат ва сохторҳои давлатӣ эътироф шудаанд. Ба ҳамин сабаб ҳам мухолифат ва зиддият миёни давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ хеле ночиз аст, чун ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ниҳодҳои он, аз ҷумла СҒД ба гунаи захираи тиллоӣ ва сарчашмаи боэътмоди кадрҳои миллӣ барои давлат ва сохторҳои давлатӣ матраҳ ва арзёбӣ мегардад. Давлат ба инкишофи СҒД ва СҒД ба устувор будани давлат ҳавасманданд. Яъне, дар муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва СҒД «девори Чин» вуҷуд надорад, онҳо ҳамеша ҳамдигарро пурра мекунанд, тақвият медиҳанд ва аз имконоти ҳамдигар истифода мебаранд. Масалан, собиқ вазири корҳои хориҷ ии Амрико Мадлен Олбрайт (Madeleine Allbright) имрӯз роҳбарии яке аз СҒД бонуфӯзи ИМА NDI–ро ба ӯҳда дорад. Кандализа Райс (Condoleeza Rice), пеш аз соҳиб шудан ба мақоми роҳбари Департаменти давлатӣ3 дар яке аз марказҳои таҳлилӣ кор мекард. Собиқ вазири мудофиаи ин кишвар (Donald Rumsfield, US Secretary of Defence, 2001-2006) пештар ба ҳайси муовини президенти яке аз ширкатҳои хусусӣ ва вазири мудофиаи имрӯзаи Амрико (Robert M. Gates, US Secretary of Defence, 2006-present) ба ҳайси раиси Донишгоҳи Техас кору фаъолият кардаанд. Ин ҳама аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамкориҳои байни давлату СҒД ҳамеша ба манфиати ҷомеа ва тамоми шаҳрвандони кишвар аст.

Барои таҳкими ҳамкориҳои хуби мақомоти давлатӣ ва СҒД лозим аст, ки:

  • ба таври муназзам форумҳои шаҳрвандӣ гузаронида шаванд, то майдони судманди гуфтугӯйи умумимиллӣ барои муайян намудани роҳҳои ҳалли ҳамкориҳои байни давлат ва СҒД дар таъйини самтҳои имтиёзноки ҳмкорӣ ва шарикӣ фароҳам оварда шавад;

  • дар сатҳи марказ ва маҳалҳо роҳу воситаҳои доимамалкунандаи ҳамкориро дар шаклҳои шӯроҳои ҷамъиятӣ, мақомоти машаваратию маслиҳатӣ, коммиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ барои қонунофаринӣ, ширкат дар таҳияи барномаҳои рушди давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ вусъат дод;

  • муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои аҳамияти ҷамъиятидошта, аз ҷумла муҳокимаҳои парламентӣ ва маҳаллӣ дар мақомоти намояндагӣ ба ҳукми анъана дароварда шаванд;

  • шабакаҳои миллии иттилоотию таҳлилие, ки мониторинги иҷрои барномаҳои инкишофи СҒД ва ҳамкориҳо бо мақомоти давлатиро анҷом медиҳанд, аз ҷумла дар ҳар семоҳа гузаронидани вохӯрӣ бо мақомоти бонуфӯзи давлат, СҒД ва ВАО-ро мусоидат менамоянд, ташаккул ва инкишоф дода шаванд;

  • муносибатҳои молиявию шартномавии байни мақомоти давлат ва СҒД дар асоси ҳамкориҳои шарикӣ, шаклу воситаҳои такмили муносибатҳои меҳнатӣ дар миёни СҒД ба таври мунтазам инкишоф дода шаванд4.

Заминаҳои ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷ икистон асосан дуруст инъикос шудааст, ки ба Сарқонуни ҶТ асос ёфта, аз қонунҳои ихтисосии марбута ва дигар меъёрҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ иборат аст. Қонунҳои ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳамкориҳои иҷтимоӣ, мувофиқатномаҳо ва қарордодҳои коллективӣ» аз ҷумлаи санадҳои муҳими ҳуқуқӣ ба шумор мераванд, ки ҳамкориҳои иҷтимоии байни СҒД ва дигар сохторҳоро танзим мекунанд. 31 декабри соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоишоти иҷтимоии давлатӣ» аз тарафи Президенти кишвар ба имзо расид, ки паҳлӯҳои гуногуни ҳамкориҳои иҷтимоиро равшании бештар андохт. Аз ҷумла, мафҳумҳое аз қабили «фармоиши иҷ тимоии давлатӣ», «барномаи иҷ тимоӣ», «лоиҳаи иҷтимоӣ» ва ғайра тафсир карда шуданд. Дар қонуни мазкур омадааст, ки мақсади он аз таъмини самарабахш ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ҷалбшаванда, ҳалли масъалаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ, мусоидат баҳри беҳдошти вазъи зиндагии шаҳрвандон, инчунин ҷиҳати ба ин кор ҷалб кардани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликият ва ташкилию ҳуқуқиашон ва табақаҳои васеи аҳолӣ иборат аст (банди 1, мод. 3).

Ба хотири таҳкими ҳамкориҳо бо сохторҳои ҷамъиятӣ ва танзими дурусти равобити ҳаматарафа ҳанӯз дар соли 1994 бо фармони Президенти ҶТ дар ҳайати Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ сохтори махсус бо номи мудирияти мушовири давлатии Президент оид ба равобит бо созмонҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо ихтисос дода шуд. Чунин сохтор дар сатҳи вилоятҳо ва мақомоти маҳаллии қудрати давлатӣ низ таъсис ва мавриди истифода қарор дода шуд. Ба фаҳмиши дурусти моҳияти СҒД ва ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо онҳо мулоқоти намояндагони СҒД бо Президенти ҶТ, ки тобистони соли 2002 сурат гирифт, низ мусоидат кард. Дар ин мулоқот барои аввалин бор аз тарафи роҳбарияти сиёсии кишвар СҒД расман шарикон ва ҳамкорони иҷтимоии давлат эътироф гардиданд, ки ба инкишофи баъдии муносибатҳои байни сохторҳои давлатӣ ва СҒД таъсири мусбӣ гузошт.

Аммо ин муносибатҳо ҳамеша якранг набудаанд. Дараҷаи самаранокии ҳамкориҳои СҒД бо мақомоти маҳаллӣ аз бисёр ҷиҳат ба дараҷаи дониш ва мавқеи шахсии роҳбарон дар маҳалҳо вобаста аст. Дар манотиқе, ки муносибати роҳбарияти мақомоти давлатӣ нисбат ба СҒД некбинона аст, ҳамкориҳои иҷтимоӣ то андозае вуҷуд дорад. Масалан, дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи чунин ҳамкориҳо қобили қайд аст. Дар вилояти Хатлон низ махсусан солҳои ахир вазъият ба таври мусбат тағйир меёбад. Ба таври умум вазъи ногувори солҳои аввал, ки СҒД ва фаъолони он ҳамчун «намояндагони созмонҳои хориҷӣ» ва ҳатто «ҷосус», «душманони миллат» шинохта мешуданд, ба таври мусбат тағйир кардааст. Агар, аз як тараф, ин натиҷаи сиёсати нисбатан дурусти роҳбарияти сиёсии кишвар ва муносибати онҳо ба СҒД бошад, аз тарафи дигар, чунин мавқеи мусбати СҒД дар ҷомеа ба нисбати фаъолиятҳои хастанопазири худи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба даст омадааст, ки нишондиҳандаи нерӯву тавоноӣ ва камолоти касбии СҒД Тоҷикистон дар 17 соли ахир аст.

СҒД «Фидокор» дар вилояти Хатлон ва махсусан дар мантақаи Қурғонтеппа сазовори обрӯю эътибор ва маъруфият аст. Яке аз сабабҳои чунин маъруфият дараҷаи баланди маҳорати касбии роҳбарият ва кормандони ин созмон аст. Онҳо тавонистанд дар атрофи худ аксари кулли ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии мантақаро гирд оваранд, ба як маркази машваратӣ мубаддал гарданд. Дар доираи барномаҳои доманадори ин созмон фаъолиятҳои марбут ба ҳамкориҳои иҷ тимоӣ бо сохторҳои давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки он аст. Масалан, барномаи махсус оид ба пешгириии касалиҳои ВИЧ/СПИД намунаи хуби ҳамкориҳои иҷ тимоӣ бо сохторҳои давлатист. Дар доираи ин барнома барои аввалин бор ба таври ҷиддӣ ин масъала дар сатҳи вилоят мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифт. 980 нафар нашъмандон бо чорабиниҳои мухталифи профлактикӣ фаро гирифта шуданд, 2 маротиба тадқиқоти махсус оид ба ошкор намудани сабабҳои паҳншавии бемории ВИЧ байни нашъамандон гузаронида шуд ва 6 воқеаи сирояти ин беморӣ ошкор гардид, ба 10 нафар нашъамандоне, ки хоҳиши касбомӯзӣ доштанд, касбҳои дуредгариву сартарошӣ омӯзонда шуд, то тавонанд машғули меҳнати босамар бошанд ва талаботи оилаҳояшонро таъмин созанд, миқдоре аз онҳо ба сифати ихтиёриён ба корҳои саҳроӣ ҷалб карда шуданд. Ба ақидаи худи кормандони «Фидокор», як сабаби муваффақияти ин барнома дар ҳамкорӣ бо маркази СПИД-и вилоят анҷ ом додани он аст. Кормандони маркази вилоятии СПИД ташаббуси «Фидокор»-ро на фақат дастгирӣ карданд, балки ҳам аз ҷ иҳати моддиву молӣ ва ҳам маҳорати касбӣ кӯмакҳои фаровон расонданд. Дар натиҷ аи чунин як ҳамкории муфид бо пешниҳод ва дастгирии ин марказ СҒД «Фидокор» ба узвияти сохтори муҳиму бонуфузе дар ин бахш – Шӯрои ҳамоҳангсози вилоят оид ба пешгирии паҳншавии ВИЧ – қабул карда шуд.

Ба таври умум, мутаассифона, дар Тоҷикистон як низоми муайян ва мушаххас дар мавриди ҳамкориҳои иҷ тимоии байни давлат ва СҒД ҳанӯз мавриди истифода қарор нагирифтааст. Ба ақидаи аксари фаъолони СҒД, давлат ҳанӯз ҳам СҒД-ро ба ҳайси шарикони иҷтимоӣ ва ҳамкорони баробарвазн нашинохтаст, ҳанӯз ҳам ҳозир нест, ки дар таҳия ва амалӣ сохтани барномаву лоиҳаҳои муштарак саҳми баробар дошта бошад, кӯмакҳои худро асосан дар пешкаш кардани бинову таҷҳизот ва дигар васоили кор ҳангоми амалӣ сохтани барномаву чорабиниҳои ҷамъиятӣ мебинад, ки, албатта, кофӣ нест. Муносибатҳои мавҷуда хусусияти инфиродӣ ва ноустувор дошта, мукаммал нестанд, як низоми ташаккулёфтаро ба худ касб накардаанд; амалияи чунин ҳамкориҳои мутақобилан муфиду муҳим низ ҳамчун қисми таркибии сиёсати умумимиллии кишвар шинохта ва эътироф нашудааст. Лозим аст, ки дар ин бобат тадбирҳои мушаххас андешида шаванд, чун моҳияти низоми сиёсӣ ва давлатдории хуб дар асари таҳаввулоти амиқи ҷ аҳонгароии солҳои ахир, бахусус давраи баъд аз солҳои 1990 ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфтааст. Давлат акнун ба кӯмаки сохторҳои дигар бештар эҳтиёҷманд гаштааст. Дар асл низоми хуби давлатдорӣ дар шароити имрӯз бидуни иштироки фаъолонаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дигар наметавонад пурсамар бошад. Ин яке аз падидаҳои мусбат дар раванди умумии ҷаҳонгароӣ ва воқеияти нави замони мост. СҒД метавонанд ба ҳайси беҳтарин ҳамкорони давлат дар низоми давлатдории муосир, ки он бояд ҳатман шеваи хуби давлатдорӣ бошад, нақши муҳимеро анҷом диҳанд. Ва ин бесабаб нест, чун симо ва моҳияти СҒД ҳам аз нигоҳи теъдоду сифат ва ҳам доираи фаъолияташон ба куллӣ тағйир кардааст. Акнун дар ин замина СҒД вазифаи худро на фақат дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ва таъмини адолати иҷтимоӣ, назорат аз болои фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва танқиди камбудиҳои мавҷуда мебинанд, балки дар тамоми ин фаъолиятҳо дар баробари давлат бевосита иштирок мекунанд ва дар ҳалли дурусти масъалаҳои мавриди назар фаъолона саҳм мегиранд. Махсусиятҳои зерин сохторҳои давлатиро водор месозанд, ки ба имконот, тавоноӣ ва самараи кори СҒД таваҷҷӯҳ дошта бошанд ва онҳоро ҳамчун шарикони ҳамкор бипазиранд:

  • СҒД инъитофпазиранд, дар муддати кӯтоҳ ва бо харҷи камтар амалҳоро ба анҷом расонида метавонанд;

  • СҒД барои ба даст овардани фоида кор намекунанд, баръакси сохторҳои тиҷоратӣ манфиатҳои ҷамъиятро ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд;

  • СҒД бо мардум ва мақомоти қудрати давлатӣ ҳам дар маҳалҳо ва ҳам дар сатҳи миллӣ робитаи хуб доранд;

  • СҒД шабакаи хуб ва пурсамари ҳамкориҳоро дар саросари кишвар ба роҳ мондаанд, ки фаъолияти муназзами онҳоро ҳам дар дохили худи онҳо ва ҳам дар муносибат бо дигар сохторҳо таъмин менамояд;

  • СҒД дар сафҳои худ қисмати пешқадами ҷомеаро муттаҳид сохтаанд, ки ба нисбати донишу таҷриба ва маҳорати касбиашон аз ӯҳдаи ҳамагуна вазифаҳо ба осонӣ мебароянд;

  • СҒД аз нигоҳи мақсаду маром ва вазифаҳои оинномавиашон бо давлат ва сиёсати миллии кишвар мушобеҳанд: ҳам давлат ва ҳам СҒД барои эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани сатҳи рифои мардум хизмат мекунанд.

Дар мавриди муносибатҳои байни давлат ва СҒД як нуктаи дигар қобили зикр аст. Солҳои ахир теъдоди созмонҳои ғайридавлатие, ки аз тарафи давлат ва сохторҳои мухталифи давлатӣ таъсис дода шудаанд, рӯ ба афзоиш аст. Давлатҳо фаҳмидаанд, ки аз СҒД метавон дар ҳалли мушкилоти хеш, махсусан масоили марбут ба сиёсат ва ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ истифода кунанд. Мутаассифона, ин раванд то андозае оҳанги манфӣ ба худ касб кардааст, чун дар асл на истифода, балки сӯъистифода аз ном ва мақоми СҒД сурат мегирад. Муҳаққиқон ин равандро барои ояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инкишофи касбии СҒД хатарнок хондаанд5. Махсусан чунин ҳолат дар кишварҳое, ки низоми сиёсиашон демократӣ нест, боиси нигаронӣ ва ташвиш аст, чун дар ин кишварҳо аз имконоти СҒД бо мақсадҳои ғаразнок истифода ба амал меояд. Ин сохторҳо бо номи созмонҳои ғайридавлатии таъсидодаи давлат (СҒДТД)6 ёд мешаванд, ки Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатӣ ва ғайритиҷ оратии Қирғизистон, созмони ҷ авонони Федератсияи Россия «Наши», Федератсияи умури занони Муаммар, Ассотсиатсияи умумии кореягиҳои муқими Япония «Chongryon» ва ғайра ҳамчун намунаи чунин сохторҳо ёдовар шудаанд7. Чунин созмонҳоро имрӯз метавон дар гӯшаву канорҳои мухталифи дунё дучор омад, аз қабили кишварҳои Чин, Куба, Фаронса, Тунис ва ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Дар Тоҷикистон чунин падида ҳанӯз сурат нагирифтааст, агарчанде мутобиқи овозаҳо иддае аз СҒД маҳаллӣ маҳз бо кӯмаки давлат таъсис дода шуда, дар амал баёнгари манфиатҳои сохторҳои давлатианд. Маълум, ки чунин сохторҳо берун аз мафҳум ва моҳияти аслӣ ва рисолати иҷтимоии СҒД қарор доранд. Ин падида, дар ҳар сурат, бояд ба таври ҷиддӣ мавриди омӯзиш ва баҳси намояндагони СҒД қарор гирад ва дуруст арзёбӣ гардад, вагарна сектори навҷавони СҒД кишвар метавонад аз камолот ва роҳи дурусти инкишофи худ бебаҳра монад. Гумон меравад, ки Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайоридавлатии Тоҷ икистон ин масъаларо таҳти назорат ва ғамхории ҳамешагии худ қарор хоҳад дод.

Ҳамкориҳои иҷтимоии байни СҒД ва соҳибкорон низ мавзӯи ҳалталаб аст. Дар ин маврид холигиҳо зиёданд. Аслан соҳибкорон, аз як тараф, бояд ҳамчун сарчашмаи боътимод дар таъмини молии фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ арзёбӣ шаванд. Аз тарафи дигар, маҳз ҳамкориҳои иҷтимоӣ бо СҒД ба соҳибкорон имконият медиҳад, то онҳо ба таври бештар саҳми худро дар ҳалли мушкилоти иҷ тимоии ҷ омеа гузоранд ва аз ҳамин тариқ дар ҷомеа мавқеъ ва мақоми муайян дошта бошанд. Яъне, дар ҷомеагароии соҳибкорӣ (социализация бизнеса) ва чеҳраи иҷтимоӣ ба худ касб кардани он нақши СҒД ниҳоят муҳим аст. Ин мавзӯъ дар қаринаи моҳият ва мақоми бизнес дар ҷомеаи имрӯз ба таври умум аҳамияти махсус дорад, чун воқеияти замони нав дар баробари соҳибкорӣ низ талаботи нав гузоштааст. Имрӯз зарур аст, ки ширкатҳои хусусӣ дар баробари фоида ва афзудани сарват ба дараҷаи иштирок ва саҳми онҳо дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа ва кормандонашон, муҳофизати муҳити зист ва ғайра таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Ва ин талабот бештар ба моҳияти иҷтимоӣ ба худ касб кардани ҳамагуна фаъолиятҳои соҳибкорӣ равона карда шудааст, на ба дараҷаи даромад ва фоидае, ки ба даст меояд. Пас, соҳибкорон бояд хеле ҳавасманд бошанд, ки миёни онҳо ва СҒД ҳамкориҳои самарабахш ва равобити хуб вуҷуд дошта бошад.

Дар Тоҷикистон чунин фаҳмиши дуруст дар бобати ҳамкориҳои байни СҒД ва соҳибкорон ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст. Имрӯз метавон аз мисолҳои алоҳида ба таври намуна ном гирифт, аммо ин ҳама хусусияти инфиродӣ дошта, бештар ба дараҷаи муносибатҳои байни соҳибкори алоҳида ва СҒД иртибот мегирад. Яъне, ин мавзӯъ ҳанӯз як шакли мукаммал ва муназзамро ба худ нагирифтааст ва дар амалияи онҳо ба ҳукми анъана надаромадааст. Албатта, ин бесабаб нест. Аз як тараф, низоми андоз ва сиёсати умумии иқтисодии кишвар дар маҷмӯъ ба он ҳидоят намекунад, ки соҳибкорон ҳамасманди чунин ҳамкориҳо бо СҒД бошанд. Дастгирии моддии фаъолиятҳои СҒД аз тарафи соҳибкорон дар асл кадом як имтиёзи чашмрасе ба онҳо намедиҳад. Қонунгузории имрӯз муайян кардааст, ки соҳибкорон метавонанд то 10% даромади солонаи хешро барои дастгирии СҒД равона кунанд, аммо дар амал ин қоида чунон пурпечутоб аст, ки камтар касе ҳавсалаи аз он истифода карданро пайдо мекунад. Бояд чунон низомеро рӯйи кор гирифт, ки истифодаи он ҳам содда ва ҳам ба мақсад мувофиқ бошад. Аз тарафи дигар, низоми соҳибкории кишвар ҳанӯз дар ҷараёни ташаккул ва инкишоф аст. Соҳибкорон ҳанӯз ҳам худ ба кӯмак зарурат доранд. Аслан, соҳибкорӣ ҳамчун қисмати муҳими ҷомеа ба он тавре, ки бояду шояд, ҳанӯз ҳам ба қисмати муайянкунанда ва пешбарандаи иқтисоди кишвар мубаддал нагаштааст. Аз ин рӯ, дастгирии фаъоли СҒД-ро дар ин марҳилаи инкишофи соҳибкории кишвар чашм доштан нашояд.

Ҳамкориҳои иҷтимоии СҒД бо соҳибкорон аз ҳамкориҳои онҳо бо давлат ва сохторҳои давлатӣ усулан фарқ мекунад. Давлат вазифадор аст, ки барои фаъолияти пурсамари СҒД шароити муносиб муҳайё созад. Аз тарафи дигар, дастгирии фаъолияти СҒД ва аз ҳамин тариқ мусоидат ба инкишофи устувори онҳо ҷузъи муҳими сиёсати миллии давлат маҳсуб мешавад. Аммо вазифадор сохтани соҳибкорон дар ин бобат нашояд. Онҳоро бояд ҳавасманд кард, ба андозае, ки соҳибкор ба ҳамкорӣ бо СҒД манфиатдор гардад. Давлат метавонад инро аз роҳи мукаммал сохтани низоми ҳуқуқӣ ва сиёсати андоз ҷорӣ намояд. Аммо СҒД танҳо дар сурати баланд бардоштани дараҷаи маҳорати касбӣ ва муваффақ шудан ба қобилияти бо нархи арзон ва сифати аъло пешниҳод кардани анвои мухталифи хизматрасонӣ метавонанд таваҷҷӯҳи соҳибкоронро ба худ ҷалб намоянд. Инъитофпазир будани СҒД дар муқоиса бо сохторҳои дигар, масалан сохторҳои давлатӣ ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ин ҳамаро на фақат арзону босифат, балки дар кӯтоҳтарин муддат ҳам ба анҷом расонанд. Танҳо дар ин ҳолат соҳибкорон ба СҒД рӯ меоваранд ва аз хизматрасониҳои онҳо истифода мекунанд, ки дар ниҳояти кор ҳам ба ҷомеагароиву иҷтимоипазирии бизнес ва ҳам инкишофи устувори СҒД оварда мерасонад.

Дар мавриди ҳамкориҳои босамари ҳам давлат ва ҳам сохторҳои хусусии соҳибкорӣ барномаи созмони байналмилалии Counterpart Consortium таҳти унвони «Ҷалби ҷамоаҳо» (Community Outreach) қобили қайд аст. Ин барнома солҳои 2001-2004 дар Тоҷ икистон бо иштироки васеи СҒД маҳаллӣ анҷ ом дода шуд. Дар амалӣ гардондани лоиҳаҳои хурди ин барнома, аз қабили барқароркунии системаи бо об таъмин кардани аҳолии деҳот, таъмир ва сохтмони мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, шифохонаҳо, роҳҳо ва дигар сохторҳои муҳими иҷтимоӣ ҳам мақомоти маҳаллии қудрати давлатӣ ва ҳам соҳибкорони алоҳида ширкати фаъолона доштанд. Фаъолияти марказҳои тозабунёди дастгирии ҷамоатҳои вилояти Хатлон, ҷамъиятҳои истифодабарандагони об дар саросари кишвар, шӯроҳои рушди ноҳияҳо, барномаи инкишофи манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон низ аз намунаи хуби ҳамкориҳои байни давлату соҳибкорӣ ва СҒД маҳсуб мешавад.

Хулоса, ҳам давлат ва ҳам соҳибкорӣ дар ташаккул ва инкишофи устувори СҒД аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Умумияти онҳо дар он аст, ки ҳарду ҳам дар таъмини моддиву молии фаъолияти СҒД дорои имконоти фаровон ҳастанд. Аз тарафи дигар, ҳамкории устувори онҳо дараҷаи тобеъ будани СҒД-ро аз манобеъ ва сарчашмаҳои маблағгузории хориҷӣ, аз ҷумла созмонҳои байналмилалии маблағгузор ба таври қобили мулоҳиза коҳиш медиҳад ва ба он мусоидат мекунад, ки фаъолияти СҒД бештар оҳанги миллӣ ба худ касб намояд ва нақши онҳо дар ҳалли мушкилоти мавҷ удаи кишвар ба маротиб афзояд. Ниҳоят, дастгирии муназзам ва ҳамкориҳои бардавоми иҷ тимоии давлат ва соҳибкорон бо СҒД гарави таҳкими бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ, шеваи дуруст ва солими давлатдорӣ, эътимоди бештари шаҳрвандон ба давлат ва сохторҳои давлатӣ, амалӣ гаштани усулҳои аслии демократия, аз қабили ҳисобдиҳӣ, шаффофият, иштироки васеи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии кишвар, аҳамият ва мақоми махсуси иҷ тимоӣ пайдо кардани соҳибкорӣ ва ғайра мусоидат хоҳад кард, чун ин ҳама танҳо дар сурати мавҷ уд будани ниҳодҳои фаъоли ҷамъиятӣ, аз ҷумла СҒД ҳамчун ангезанда ва равшангари чунин як фазои созанда имконпазир хоҳад буд.

 

1 Governance through Civil Society Engagement in Asia. United Nations University, 2008.

2 Каипов М. Какой сегодня имидж НПО Кыргызстана? (обсуждения)//Журнал «Третий сектор», 2007, №4.

3 Матлаб аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Департаменти давлатии Амрико “ Department of State ” аст.

4 Барномаи миллии рушди созмонҳои ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2008. – С. 19-21.

5 Democracy’s Dangerous Impostors. The Washington Post, April 27, 2007. Page A17.

6 Истилоҳии англисии он «Governmental-organized non-governmentl organization - GONGOs» аст.

7 Ҳамон ҷо: Democracy’s Dangerous Impostors.

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj