Главная   >>   НПО Таджикистана   >>   Здравоохранение   >>   Развитие Гражданского Общества   >>   Ташкилоти чамъиятии Ассотсиатсияи ташкилотхои чамъиятии «Чорсу» - нохияи Муъминобод
Looking for something?
19.07.2011 00:27

Ташкилоти чамъиятии Ассотсиатсияи ташкилотхои чамъиятии «Чорсу» - нохияи Муъминобод

Автор:  Tajikngo portal Admin
Оценить
(1 голос)

Номи Ташкилот

ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи ташкилотхои ҷамъиятии «Чорсу» - ноҳияи Муъминобод

Маҳалли фаъолият

ноҳияи Муъминобод

Ҳадафи ташкилот

ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷамъияти дар ноҳия, мусоидат намудан дар раванди демократикунонии ҷомеа ва инкишоф додани ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолнокгардонии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Самти фаъолият

мустаҳкам намудани ҳамкориҳои ҳокимиятҳои маҳаллию ҷомеаи шаҳрванди ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои ташкилотҳои             ҷамъиятии ғайридавлатии         маҳаллӣ

сомона

 

Надорад.

Роҳбар

 

Баҳромов Раҷабали – раиси ташкилот

 

Тамос: суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

вилояти Хатлон, ноҳияи Муъминобод, шаҳраки Меҳробод, кучаи Темуршо Рахимов №54

Телефони мобили: (+992) 918 88 86 29

Телефон: (83318) 2 11 00

Почтаи электронӣ: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Шарҳи мухтасари ташкилот ва хидматрасонии он

 

Ташкилот моҳи апрели соли 2010 таъсис ёфта, моҳи июли соли 2010 дар раёсати адлияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз қайди давлати гузаштааст. Аъзоёни ташкилот  - аз 8 ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии зерин иборат мебошад:

  • Ташкилоти ҷамъиятии «Муъминобод».
  • Ташкилоти ҷамъиятии «Садбарг».
  • Ташкилоти ҷамъиятии «Бустон».
  • Ташкилоти ҷамъиятии «Гулистон».
  • Ташкилоти ҷамъиятии «Ваҳдат».
  • Ташкилоти ҷамъиятии «Навруз».
  • Ташкилоти ҷамъиятии «Пайванд».
  • Ташкилоти ҷамъиятии «Куҳсорон».

Ташкилотҳои  аъзои Ассотсиатсия таҷрибаи зиёди кори дар рушди ҷомеа ва ҳамкориҳо бо ҳокимияти маҳаллӣ дошта, солҳои охир дар ноҳия дар доираи БЧИИМК Хазинаи Огохон ва лоиҳаи Тараққиёти Маҳаллии Муъминобод/Каритас Швейтсария фаъолиятҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд.

Ассотсиатсия имконият дорад, ки дар иҷроиши барномаҳо ва фаъолиятҳо ба ташкилотҳои байналмилали ва маҳаллии гайридавлатии дар ноҳияи Муъминобод фаъолиятдошта хизматрасониҳои зеринро пешниҳод намояд:

  • ташкил намудан ва фасалитатсияи вохуриҳо, маҷлисҳо, мизҳои муддавар, омузишҳо, маъракаҳои фаҳмондадиҳи, ҷамъоварии маълумотҳо ва гайра);
  • дар бо алоқа овардан бо ҳокимияти маҳаллии сатҳи ноҳия ва ҷамоатҳо, мақмотҳои худфаъолиятии ҷамъияти, ташкилотҳои давлатию гайридавлатии маҳаллии дар ноҳия фаъолиятдошта.
  • банақшагирии фаъолиятҳо.
  • гузаронидани омузиши эҳтиҷоти маҳал;
  • сафарбаркунии ҷомеа;
  • татбиқи лоиҳаҳо.

.

 

Лоиҳаҳо:

  1. Роҳандозишуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақшабуда

 

Фаъолиятҳои татбиқнамуда

  • мусоидат дар тарбияи ҳуқуқии занони камбизоат тариқи баргузории тренингҳо;
  • гузаронидани маъракаҳои фаҳмондадии – вохуриҳо бо ҷавонон дар сатҳи ҷамоатҳо ноҳия  дар ҳамкори бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оиди пешгирии бемориҳои сироятии ҷинсӣ, нашъамандӣ ва ҳуқуқу вазифаҳои муҳоҷирони меҳнати;
  • мониторинги иҷроиши барномаҳои дар сатҳи фаъолиятҳои ташкилотҳои Ассотсиатсия карордошта;
  • гузаронидани вохурии  шарикон бо иштироки намояндагон аз ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатии маҳаллӣ дар ноҳия фаъолиятдошта;
  • намояндагии ташкилотҳои гайридавлатии маҳаллӣ дар маҷлисҳои моҳонаи ҳамоҳангсозии ташкилотҳои байналмилалӣ ва гайридавлатӣ дар минтақаи Кулоб;
  • баргузории ҷаласаи ташкилотҳои ҷомеаасоси маҳаллӣ дар сатҳи ноҳия бо мақсади таҳлили вазъи ташкилотҳои ҷомеаасос дар ноҳия ва дар оянда мусоидат намудан дар ҳалли мушкилотҳо ва тақвият додани ҳамкории ояндаи онҳо бо ҳокимияти маҳаллӣ дар ноҳия;
  • муаррифии фаъолиятҳои шарикон дар вохӯриҳо бо намояндагони ташкилотҳои маблағгузор.

 

Фаъолиятҳои банақшагирифташуда

  • тақвият додани вокифии ҷомеа оиди фаъолиятҳои ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллию байналмилалӣ  ва маблағгузорон;
  • мусоидат дар татбиқи нақшаҳои рушд ва стратеги дар ноҳия;
  • мусоидат ба ташкилотҳои байналмиллалӣ ва гайридавлатии маҳаллӣ дар баргузории вохурихо, тренингҳо ва дигар чорабиниҳо дар ноҳия;
  • ташкили вохуриҳо, мизи муддавар ва табодули таҷриба байни ташкилотҳои гайридавлатии маҳаллӣ;
  • мусоидат намудан ба ҳокимияти маҳаллӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ дар робита ба маблағгузорон;
  • кумак ба ташкилотҳои гайридавлатии маҳаллӣ дар ҳалли мушкилотҳо;
  • гузаронидани мониторинги фаъолиятҳои ташкилотҳои гайридавлатии маҳаллии аъзои  Ассотсиатсия.
  • муттаҳид намудани  дигар ташкилотҳои гайридавлатии маҳаллӣ дар Ассотсиатсия;
  • барқароркунии алоқаи байни ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ бо маблағгузорон ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар сатҳи миллӣ тавассути созмони миллии ташкилотҳои гайридавлатии   Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ҳамкори бо Ассотсиатсияи милллии созмонҳои гайридавлатии Тоҷикистон;
  • мусоидат ба ташкилотҳои ҷомеаасос дар дарёфти маблаггузорон;
  • таъсиси базаи иттилооти оиди ташкилотҳои ҷомеаасоси ноҳия;
  • ташкили мактаби волонтёрҳо;
  • мусоидат ба сохторҳои давлатию гайридавлати дар дастраси ба шабакаи интернет.

 

Донорон  ва шарикони ташкилот

  • БЧИИМК (MSDSP) Хазинаи Бунёди Огохон.
  • Иттиҳоди Аврупо.
  • IFAD (Фонди Байналмилалии Рушди Кишоварзи).
  • Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод.
  • Ҳокимиятҳои маҳаллӣ (ҷамоатҳо).
  • Ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳияи Муъминобод.
  • Кумитаи Маҳаллии Тараккиёти ноҳияи Муъминобод.
  • Созмонҳои гайридавлатии маҳаллии дар ноҳияи Муъминобод фаъолиятдошта.
  • Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Шаҳрванд».

Дополнительная информация

  • География деятельности НПО: Хатлонская область
Изменено 15.08.2011 22:58

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj