Главная   >>   Публикации   >>   Терминологические особенности понятия НПО в таджикском языке
Looking for something?
24.11.2011 09:40

Терминологические особенности понятия НПО в таджикском языке

Автор  Шамсиддин Каримов, раиси Ассотсиатсияи миллии СҒД Точикистон

Статья посвящена особенностям понятия НПО как новый социо-политический термин на нынешнем этапе формирования и развития гражданского общества с точки зрения как таджикской лингвистики так и современного законодательства Таджикистана.

Публикация на таджикском языке

Дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тарбияи аъзои фаъоли он дар баробари сохтору мақомоти масъули давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ ба сифати унсурҳои фаъоли ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд1. Масъалаи ташаккул ва такомули баъдии созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун яке аз муассиртарин ниҳод ва сохторҳои замони нав ва нақши онҳо дар эъмор ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд дар ҳамин замина аҳамияти махсус касб кардааст.

 

Боиси хурсандист, ки миқдори созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон рӯз то рӯз меафзояд ва инро ҳамчун падидаи мусбат бояд арзёбӣ кард. Агар дар давоми солҳои 1991- 2001 миқдори умумии иттиҳодияҳои ҷамъиятии расман номнависшуда андаке бештар аз 800 адад бошад, охири соли 2005 ин миқдор бештар аз 2600, дар соли 2006 – 2800 ва дар соли 2007 – 3130 ададро ташкил додааст. Имрӯз дар асл соҳае нест, ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти он ширкат намеварзида бошанд. Ҳиссаи созмонҳои ғайридавлатӣ махсусан дар бозомӯз ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрвандони кишвар назаррас аст. Аввалин марказҳои бозомӯзи замонавӣ, кор бо занону кӯдакон, маъюбону барҷ омондагон, таъсиси аввалин корхонаҳои хурди тиҷ оративу ғайритиҷоратӣ, ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ ва маорифи кишвар, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, фароҳам сохтани аввалин кӯмакҳои моливу пулӣ ва марказҳои таълимӣ барои насли нави соҳибкорон, ташкили курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат бо истифода аз васоити пешқадами рӯз барои кормандон ва хизматчиёни давлатӣ, муҳайё сохтани имконот ва ҷойҳои нави кор барои ҷавонон ва соҳибхоназанҳо – чунинанд номгӯйи нопурраи фаъолиятҳое, ки ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон дар давоми 15 соли охир ба он сару кор доранд.

 

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкориҳои иҷтимоӣ барои ҳаллу фасли босамартари масоил ва мушкилоти ҷомеаи имрӯзи кишвар ва дар ҳамин замина боз ҳам баландтар бардоштани сатҳи рифоъ ва некӯаҳволии шаҳрвандон аст. Кӯшишҳои рӯзафзун ва пурсамари ин ташкилотҳо дар якҷ оягӣ бо сохторҳои давлатӣ дар амалӣ сохтани барномаҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддати стратегии кишвар, аз қабили Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007 - 2009, Косепсияи миллии гузариш ба рушди устувор ва ғайра шоистаи таҳсин аст. Боиси хурсандист, ки дар соли 2002 аввалин конференсия дар ҳамин замина дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна маҳз дар Тоҷикистон ва маҳз бо иштироки Президенти кишвар доир гардид. Иштироки бевоситаи Президент дар чунин як маъракаи муҳим гувоҳи иродаи неки сиёсии роҳбарияти давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар навсозиҳои демократӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқбунёд дар кишвари тозаистиқлоли тоҷ икон буд. Иштироки бевоситаи Президент дар асл як дастгирии пурарзиши сиёсӣ-иҷтимоӣ ва такони назаррас дар такомули баъдии иттиҳодияҳои ҷамъиятии кишвар гардид.

Мафҳуми «созмони ғайридавлатӣ» ҳамчун падидаи нави сиёсӣ-иҷтимоӣ дар ҷомеаи тозабунёди муосири тоҷикон ва истифодаи дурусти он ҳамчун истилоҳ то ҳанӯз баҳснок аст. Мутаассифона, қонунгузории имрӯзи Тоҷикикстон ҳам дар ин замина як истилоҳи ягона ва қобили қабулро пешниҳод накардааст. Аслан истилоҳи «созмони ғайридавлатӣ» (ва ҳамчунон мафҳуми «ҷомеи шаҳрвандӣ») дар санадҳои асосии ҳуқуқии кишвар вуҷуд надоранд ва ин боиси он гаштааст, ки то имрӯз дар истифодаи дурусти ин истилоҳ ҳам дар навишт ва ҳам дар гуфтор холигиҳо ба вуҷуд омадаанд. Аз нигоҳи амалӣ чунин ҳолат дар миёни онҳое, ки бо сохторҳои ғайридавлатӣ сарукор доранд ва ё дар ҳамин соҳа бевосита фаъолият мекунанд, мушкилот ба бор овардааст. Мақолаи мазкур ана ба ҳамин мавзӯъҳо бахшида шуда, кӯшишест дар роҳи равшанӣ андохтан ба истифодаи дурусти ин истилоҳ дар забони тоҷикӣ.

 

  • Ташкилот ё Созмон?

Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки дар истифодаи муродифи тоҷ икии калимаҳои русиву англисии «организация» ва « organization» ду нуктаи назари ба ҳам мухолиф вуҷуд дорад. Гурӯҳе ба ин фикранд, ки бояд дар ин маврид калимаи арабиасоси «ташкилот» истифода шавад, чун ин калима дар миёни мардум бештар маъмул ва то андозае забонзада ҳам шудааст, аз қабили ташкилоти сиёсӣ, ташкилоти ҳизбӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ғайра. Аммо замони нав ва истиқлолияти миллии кишвар имконоти бештареро дар мавриди рӯ оварадан ба мероси ниёгон ва дар ҳамин замина бештару беҳтар густариш додани доираи истифодаи калимаҳои аслан тоҷ икӣ ва афзудани бори маънӣ ба онҳоро мутобиқи рӯйдодхои сиёсӣ-иҷ тимоии ҷ омеа фароҳам сохт. Аз ин рӯ, гурӯҳи дигар ба ин ақидаанд, ки дар ин маврид бояд калимаи тоҷ икии «созмон» истифода гардад, чун тавони ғунҷ оиши ҳама тобишҳои маъноии онро ҳамчун истилоҳ дорад. Масалан, созмони ҷамъиятӣ, созмони ғайридавлатӣ, созмони ҷ авонон, созмони ҳизбӣ, Созмони милали муттаҳид ва ғайра.

Мо ҳам ин пешниҳодро пазируфтаем ва дар ин мақола калимаи « созмон» ҳамчун муродифу ҳаммаънои «организация» ва «organization» мавриди истифода қарор гирифтааст.

 

  • СҒД, СҒҲ, СҒТ, СҒТҒД, СҶ …?

Ихтисораҳои дар болоовардашуда дар шакли пурраашон мутаносибан ба тарзи зерин хонда мешаванд: созмони ғайридавлатӣ (СҒД), созмони ғайриҳукуматӣ (СҒҲ), созмони ғайритиҷоратӣ (СҒТ), созмони ғайритиҷ оратии ғайридавлатӣ (СҒТҒД), созмони ҷамъиятӣ (СҶ ). Кадоме аз инҳо дурусттар ва ба мақсад мувофиқтар аст ва ҳамчун ягона тарзи дурусти истилоҳ бояд мавриди истифодаи ҳамагон қарор гирад?

 

  • Созмони ғайриҳукуматӣ (СҒҲ)

Ин истилоҳ дар ҳамин шакл ба чанд сабаб қобили қабул нест. Пеш аз ҳама, ба он сабаб, ки аз нигоҳи сиёсию ҳуқуқӣ доираи маънои «ғайриҳукуматӣ» хеле васеъ аст. Мутобиқи қонунгузории ҷории Тоҷикистон мафҳуми «ғайриҳукуматӣ» на фақат сохторҳои ҷамъиятӣ, балки ниҳодҳои давлатиро низ дар худ таҷ ассум мекунад. Масалан, корхонаву вазоратхонаҳое, ки шакли моликияташон ҷамъиятӣ нест, аз қабили Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаи алюминии Тоҷикистон ва ғайра низ дар асл «ғайриҳукуматӣ» ҳастанд. Яъне, ин сохторҳо дар ҳайати ҳукумат нестанд, ҳарчанд онҳо сохтор ва ё созмонҳои давлатианд. Чун ин сохторҳо дар асл ғайриҳукуматианд, наметавон онҳоро созмонҳои ғайридавлатӣ номид. Аз тарафи дигар, мутобиқи қонунгузории имрӯзи Тоҷикистон мафҳуми «ғайридавлатӣ» қабул аст, аммо «ғайриҳукуматӣ» вуҷуд надорад, ҳарчанд дар боби 7, банди 2 Қонуни Ҷ Т «Оид ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» истилоҳи «ғайриҳукуматӣ»2 мавриди истифода қарор гирифтааст. Пас, бо назардошти ихтилофоти мазкур дар фаҳмиш ва маънидоди ин шакли истилоҳ беҳтараш онро мавриди истифода қарор надиҳем.

 

  • Созмони ғайритиҷоратӣ (СҒТ)

Мавҷ уд будани ифодаи «ғайритиҷоратӣ» дар ин истилоҳ аз ҷ иҳатҳои мусбати он аст, чун ғайритиҷоратӣ будан ва барои ба даст овардани фоида амал накардани созмонҳои ғайридавлатӣ аз хусусиятҳои муҳимми онҳост3. Албатта, созмонҳои ғайридавлатӣ ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолиятҳои соҳибкориро доранд, вале ин даромадҳо фақат ба хотири бештар амалӣ сохтани мақсаду маром ва рисолати созмонҳо мавриди истифода қарор гирифта метавонаду халос4. Аз тарафи дигар, истилоҳи созмони ғайритиҷоратӣ низ аз духӯрагиҳо холӣ нест. Масалан, ҳамагуна сохторҳои буҷ етии давлатӣ низ ғайритиҷ оратианд, аз қабили мактаби ҳамагонӣ, боғчаи бачагона, Кумитаи андоз, Вазорати тандурустӣ ва ғайра. Чунин сохторҳо низ дар асл ғайритиҷ оратианд, аммо созмонҳои ғайридавлатӣ буда наметавонанд. Пас, танҳо созмони ғайритиҷоратӣ гуфтан ҳанӯз он маъноеро, ки мо дар назар дорем, пурра ифода карда наметавонад.

 

  • Созмони ҷамъиятӣ (СҶ )

Ибораи «созмони ҷамъиятӣ» аслан хеле ихчам ва гӯшнавоз ҳам ҳаст, аммо чун истилоҳ баъзе ноқисиҳо дорад. Масалан, ҳамагуна сохторҳои ғайридавлатиро ба шумули корхонаҳои хурду калони тиҷоратӣ, ки ба моликияти хусусӣ // ғайридавлатӣ асос ёфтаанд, метавон созмонҳои ҷамъиятӣ номид. Меҳмонхона ва ё тарабхонаи хусусӣ низ сохтори ҷамъиятист, аммо на созмони ғайридавлатӣ. Аз тарафи дигар, чунин ниҳодҳои муҳими ҷ омеаи шаҳрвандӣ, ба мисли ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва ё ташкилотҳои динӣ низ аз анвои созмонҳои//иттиҳодияҳои ҷамъиятиянд, аммо онҳоро созмонҳои ғайридавлатӣ хондан нашояд. Маҳз ба ҳамин сабаб фаъолияти сохторҳои номбурда аз рӯи қонунҳои алоҳида танзим карда мешаванд. Пас, доираи маънои мафҳуми созмони ҷамъиятӣ васеътар аз истилоҳи мавриди назари мост ва ба ҳамин сабаб маслиҳат ин аст, ки он ҳамчун муродифи созмони ғайридавлатӣ истифода нагардад.

 

  • Созмони ғайритиҷоратии ғайридавлатӣ (СҒТҒД)

Аслан истилоҳи созмони ғайритиҷ оратии ғайридавлатӣ ба таври пурра ва мукаммал тамоми тобишҳои маъноии истилоҳи созмонҳои ғайридавлатиро дар худ таҷ ассум кардааст. Унсурҳои ниҳоят муҳимми мафҳуми созмонҳои ғайридавлатӣ, яъне ғайритиҷоратӣ ва ғайридавлатӣ 5будан дар он ифода ёфтаанд, ки маъниро барҷ астатар ва равшантар месозад. Ин ибораро хамчун истилоҳ, бидуни шакку тардид, метавон мавриди истифода қарор дод6. Аммо ин ибора ба талаботи ихчам ва то ҳадди имкон фушурда будани истилоҳот ҷ авобгӯ нест. Дар навишт ва гуфтор он метавонад малоли хотир гардад. Пас, беҳтараш онро каме ихтисор ва ихчамтар кунем ва созмони ғайридавлатӣ бигӯем.

 

  • Чаро созмони ғайридавлатӣ (СҒД)?

Воқеан ҳам чаро? Пеш аз ҳама, хеле ихчаму равон ва тоҷикӣ аст. Албатта, набудани ифодаи «ғайритиҷоратӣ» дар таркиби он хуб нест, вале бо қабул шудани он ҳамчун истилоҳ дар назария ва амалияи фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои босамари ҷ омеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ метавон бори маънии онро афзуд. Дар сурати пазируфта шудани он чун истилоҳ, аз ин ба баъд метавон зери ин мафҳум маҳз созмонҳо ва сохторҳои ғайридавлатии ғайритиҷ оратиеро дар назар бояд дошт, ки нияти иҷ рои ҳадафҳои муҳими иҷ тимоӣ дошта, бар асоси принсипҳои ихтиёриву худидоракунӣ амал мекунанд, шахсони ҳуқуқии шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ мебошанд ва ё бидуни қайди давлатӣ фаъолияти худро пеш мебаранд, ба истиснои ташкилотҳои динӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ7.

Чанд сухан дар бораи ифодаи «ғайри» дар таркиби ин истилоҳ. Албатта, ин ифода дар навишт ва гуфтори тоҷ икӣ оҳанги манфӣ ҳам дорад, масалан дар калимаву ифодаҳое чун ғайриинсонӣ, ғайридӯстона, ғайриимкон, ғайриқаноатбахш//ғайри қаноатбахш, ғайричашмдошт //ғайри чашмдошт, ғайри қобили қабул, … Аммо дар ҳамаи ин ҳолатҳо маъно «набудан», «адами мавҷ уд» аст, на «зидди» чизе будан. Дар «Фарҳанги забони тоҷ икӣ» низ маънии онро «ҷуз», «ба ҷуз» овардаанд. Яъне, дар ин қарина «ғайридавлатӣ» маънои «бе //ба ҷуз (иштироки) давлат» - ҷамъиятиро дорад. Бинобар ин дар истилоҳи тозабунёди созмони ғайридавлатӣ маънӣ ва ё оҳанги манфии «зидди давлат // зиддидавлатӣ» ҷ устан асос надорад.

Ва ниҳоят, истилоҳи англисии «NGO - Non-governmental оrganization» (муродифи русиаш «НПО – неправительственные организации) дар тамоми дунё имрӯз маъруфу маъмул шудааст. Новобаста ба он, ки шаклҳои гуногуни ин мафҳум дар ин забонҳо вуҷуд дорад ва истифода ҳам мешавад8, масалан шаклҳои Non- commercial organization (NCO), Non-profit organization (NPO), Non- for-profit corporation (NPC) дар забони англисӣ, некоммерческая организация (НКО), некоммерческая неправительственная организация (ННО) дар забони русӣ, аммо шакли аз тарафи умум пазируфташуда ва маъруфтараш ҳамин НПО (дар забони русӣ) ва NGO (дар забони англисӣ) аст. Барои мо ҳам мувофиқтараш ин аст, ки ҳамин як шаклро ҳамчун истилоҳ қабул ва барои истифодаи умум пешниҳод кунем: созмони ғайридавлатӣ (СҒД).

***

1 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2007.

2 Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи иттиходияхои чамъиятӣ»//Садои мардум, 21 майи соли 2007

3 Гражданский Кодекс Республики Таджикистан, часть 1, ст.50, п. 1

4 Гражданский Кодекс Республики Таджикистан, часть 1, ст.50, п. 3

5 Зойиров Р., Каримов Ш. НПО в Таджикистане: законодательные основы и некоторые проблемы их организации и деятельности. Душанбе, 2001. – С.5-6.

6 Каримов Ш. Роль НПО в формировании гражданского общества в Таджикистане. Душанбе:Изд-во «Сино», 2004. – С.111.

7 Одобномаи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, Душанбе, 2008.

8 Понятие НПО в международном праве, правовой теории и законодательстве зарубежных стран. Алматы: Издательство LEM.2003. – 20с.

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj