Home   >>   Tajikistan NGOs   >>   ICT   >>   Community development   >>   Ташкилоти Ҷамъиятии «Сайёр»
Looking for something?
Sunday, 07 August 2011 12:25

Ташкилоти Ҷамъиятии «Сайёр»

Written by  Tajikngo portal Admin
Rate this item
(0 votes)

Номи Ташкилот

Ташкилоти Ҷамъиятии  «Сайёр»

Маҳалли фаъолият

Маҳалли

Ҳадафи ташкилот

Ҳаллу  фасли  масъалаҳои  иҷтимоӣ , иқтисодӣ, экологӣ ва ҳифзи  саломатии мардум  инчунин  баланд  бардоштани  сатҳи  маърифати  ҳқуқуқии  занону  кудакон.

Самти фаъолият

Беҳтар  намудани  сатҳи  зиндагии занону кудакон  ва  маъюбон.

вебсайт

 

www.ngosayor.centreiсt.net

Роҳбар

 

Гавҳар  Хоҷаева

Тамос: суроға, рақами телефон, почтаи электронӣ

 

Г.  Ваҳдат  ҷамоат  Гулистон  уч . Ҳуснобод.

907570920

This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Шарҳи мухтасари ташкилот ва хидматрасонии он

 

 

Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр», ки аз соли 2004 ин ҷониб дар шаҳри Ваҳдат дар доираи барномаҳои мухталифи маърифатӣ ва лоиҳаҳои иҷтимоии ҳаётан муҳим саҳми худро дар амалӣ сохтани сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ва махсусан дар роҳи шукуфоӣ ва саодати бештари мардумони кишвар гузошта меояд. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки тамоми фаъолият ва барномаҳои мо аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ ва ҷалбкардашуда тарҳрезӣ ва амалӣ карда мешаванд Аз ҷумла, тавонистам 500 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоатро бо сару либоси мактабӣ ва зимистона таъмин намуда, тӯйи суннатии 130 нафар кӯдакони ятиму бепарасторро дар ҷамоатҳои «Гулистон» ва «А. Абдулвосиев» баргузор намоям. Дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон аҳолии маҳаллаҳои Даҳана ва Шӯҳратёри ҷамоати «Гулистон»-ро бо оби нӯшокӣ таъмин кардам.  Бо дастгирии Сафорати Олмон бошад,  дар маҳаллаи Даҳанаи ҳамин ҷамоат бунгоҳи тиббӣ бунёд намудам, ки имрӯз мавриди истифодаи 2400 нафар аҳолии маҳалла қарор гирифтааст. Бо дастгирии Хазинаи Канада би хотири дастгирӣ аз интихоботи Президент ва ба роҳ мондани корҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ миёни занони деҳот 31 семинару машваратҳо доир намудам. Дар ҷамоат 35 нафар духтарони маҳаллӣ ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла зардӯзӣ ҷалба карда шуданд, ки дар айни замон теъдоди умумии онҳо бештар аз 100 нафарро ташкил додаст. Бо дастгирии Раиси шаҳрамон Анвари Вайсиддин моҳи январи соли равон дар майдони 20 га хоҷагии намунавии ёрирасони кишоварзии «Сайёр» ташкил намудем, ки барои 20 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё кард. Дар ҳамин замина дар майдони 15 га  аз ҳисоби маблағҳои шахсӣ боғ бунёд намудем. Ният дорем, ки дар майдони 10 га барои паст намудани  сатҳи камбизоати, шумораи ҷойҳои кориро барои занони деҳот дар ҳамин замина сол то сол зиёд намоем.

Чун имсол соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст, дар ин замина тавонистем бо ҷидду ҷаҳди зиёд кӯмаки бебозгашти Сафорати Ҷопонро оид ба ташаккули касбомӯзии занон ва рушди маърифати ҳуқуқии занону кӯдакони шаҳри Ваҳдат барои бунёди Маркази касбомӯзии бонувони «Сайёр» дар маркази шаҳри Ваҳдат ба маблағи 94 000 доллар амрикоӣ ноил гардем. Ин марказ аз як бинои дуошёна ва як бинои якошёна, ки дар маҷмӯъ 11 ҳуҷра хоҳад дошт, иборат аст, ки метавонад дар ҷараёни фаъолияти худ ҳамасола ба миқдори 560 нафар занону кӯдакон, маъюбон ва ҷавононро ба омӯзиши касбҳои дӯзандагиву пазандагӣ ва кандакорӣ, курсҳои омӯзиши компютер, интернет, забонҳои англисию русӣ фаро гирад. Ин марказ, аз тарафи дигар, 20 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд.

Лоиҳаҳо:

  1. Роҳандозишуда
  2. Ҷорӣ
  3. Дар нақшабуда

 

 

Шарикон  ва донорони ташкилот

Сафорати  Эрон,  фонд Канада,  Вавилон –т ,  индиго ,  Агроинвестбонк, сафорати  Олмон, фонд  Сорос, сафорати  Ҷопон,  Барномаи  Озука,  ЮСАИД. Сафорати  Британияи  кабир.

 

 

 

 

Additional Info

  • География деятельности НПО: Душанбе и РРП
Last modified on Monday, 15 August 2011 16:46

Портал создан и администрируется Центром Информационно-Коммуникационных Технологий города Душанбе. Мнение администрации портала может не совпадать с мнением авторов публикаций. Администрация портала  не несет ответственность за точность и содержание информации на сайте, относительно адресов и контактов указанных другими организациями.  Для уточнения информации можно обращаться по эл-адресу: info@tajikngo.tj